06:34:51 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"ЛОКОМОТИВ"-И МАСКАВ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Бозии рафиқонаи дастаҳои футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Локомотив»-и Маскав 28-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. 

Шариф Назаров, раиси бошгоҳи футболи «Регар» ТадАЗ, бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «Ман дар ҷараёни сафари кориам ба шаҳри Маскав аз урдугоҳи тамринии бошгоҳи футболи «Локомотив» дар Баковка дидан кардам. Бо сармураббии дастаи «Локомотив» Юрий Сёмин ва президенти бошгоҳ Николай Наумов дар бораи баргузории бозии рафиқонаи «Регар» ТадАЗ ва «Локомотив» гуфтушунид кардем. 

Раҳбарони бошгоҳи футболи «Локомотив» барои баргузории ин бозии дӯстона розигӣ доданд ва дар номаи ҷавобии худ рӯзи баргузории ин бозиро, ки 28-уми июл аст, тасдиқ намуданд». 

Шариф Назаров афзуд, ба рӯйхати пешакии ҳайати «Локомотив», ки ба мо пешниҳод карданд, 35 бозигар дохиланд. Онҳо ҳам бозигарони ҳайати аслии даста ва ҳам бозигарони ҳайати дуввум ё дублёрҳо мебошанд. Ҳайате, ки як рӯз пеш аз бозии рафиқона ба Душанбе меояд, пас аз бозии «Локомотив» бо тими «Амкар»-и Перм дар даври 14-уми лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русия муайян хоҳад шуд. 

Ба гуфтаи Шариф Назаров, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар ҳайати ҷавонони «Локомотив» ҳимоятгар Маҳмаднаим Шарифӣ, номзад ба узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, бозӣ мекунад ва ӯ, албатта, ба Душанбе меояд. Вале номзади дигар Манучеҳр Ҷалилов, нимҳимоятгари «Локомотив-2», ба иллати латхӯрӣ дар ин бозии дӯстона ширкат карда наметавонад ва рӯзҳои наздик пояшро ҷарроҳӣ хоҳанд кард.

Шариф Назаров мегӯяд, ҳамчунин, шогирдони футболи тоҷик Игор Черевченко, Ҳаким Фузайлов ва Олег Хаби, ки дар айни ҳол дар бошгоҳи футболи «Локомотив» кор мекунанд, ба Душанбе меоянд. 

Футболбозони «Локомотив»-и Маскав таҳти раҳбарии Юрий Сёмин ва Николай Наумов тӯли ду рӯз – 27-ум ва 28-уми июл дар шаҳри Душанбе меҳмон хоҳанд шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi