11:41:59 03-уми Июни 2025 сол

"ТОҶИКОН ДАР БОЗИҲОИ ОСИЁ МУВАФФАҚ НАБУДАНД"

Тими мунтахаби Тоҷикистон бо касби танҳо чаҳор медол дар феҳристи Бозиҳои 16-уми Осиё дар миёни 45 кишвар дар зинаи 28-ум ҷой гирифт. Дар ин бозиҳо, ки аз 12 то 27 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Гуанжоуи Чин баргузор шуд, беш аз 70 варзишгари тоҷик дар 16 намуди варзиш ширкат карданд.

 

gamesДар ин бозиҳо Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик соҳиби медоли тило шуда ва паҳлавонон Расул Боқиеву Шокирҷон Раҷабов ва муштзан Ҷаҳон Қурбонов медолҳои биринҷиро ба даст оварданд. Дар Бозиҳои қаблии Осиё дар шаҳри Доҳаи Қатар варзишгарони тоҷик 2 медоли тило ва 2 медоли нуқраро ба даст оварда ва тими мунтахаби Тоҷикистон дар радаи 24 -ум ҷой гирифта буд. Ба гуфтаи шореҳони варзиши Тоҷикистон, дар ин мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ дар миёни варзишгарони тоҷик чеҳраҳои тозае пайдо нашуданд.

 

Яъне, варзишгароне чун Дилшод Назарову Расул Боқиев, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳунарнамоӣ карда ва таҷрубаи ғанӣ андӯхтаанд, барои тими милиии Тоҷикистон медол оварданд. Тими мунтахаби волейболдухтарони тоҷик, танҳо тиме аз Тоҷикистон буд, ки бо мусоъидати молии Федеротсиюни Байналмилалии Волейбол дар Бозиҳои 16-уми Осиё ширкат дошт, аз тими мунтахаби Чин, Куриёи Ҷанубӣ ва Тойланд ба ҳисоби се бар сифр мағлуб шуд.

 

Дар бозиҳои маъмули дигар, назири футбол, чавгон ва баскетбол тими мунтахаби Тоҷикистон умдатан ба далели мушкилоти молӣ дар ин бозиҳо ширкат накардаанд. Ба эътиқоди Наргис Набиева, раиси бахши варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, ки ба унвони роҳбалад дар Бозиҳои 16-уми Осиё дар шаҳри Гунажоуи Чин ширкат дошт, тими мунтахаби волейболи занон барои аввалин бор дар чунин мусобиқоти бонуфуз ҳунарнамоӣ мекард.

 

Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи ӯ ин тими занонаи тоҷик натавонист дар баробари варзишгарон аз Чин, Куриёи Ҷанубӣ ва Тойланд, ки таҷрубаи ширкат дар Бозиҳои улампикро доштанд, рақобат кунанд. Хонуми Набиева бохти Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик ва қаҳрамони Осиёро дар зӯрозмоии нахустин бар Саида Ҳасеноваи қазоқ бо ҳисоби 4 бар 10 низ ба надоштани таҷрубаи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ марбут медонад.

 

Ин дар ҳолест, ки Мавзуна Чориева дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон оид ба муштзанӣ ширкат карда ва дар баҳори соли ҷорӣ дар шаҳри Олмотӣ қаҳрамони Осиё шуда буд. Бештари коршиносони бахши варзиши Тоҷикистон, камбуд ва шароити номусоъиди варзишгоҳҳо ва тамрингоҳҳои муоъсир, надоштани мураббиёни ботаҷруба ва мушкилоти молиро далоили аслии муваффақ набудани варзошгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ мехонанд.

 

Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни дидори расмии Раҳим Масимов, нахусвазири Қазоқистон аз Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дар заминаи ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар дар бахши варзишу ҷаҳонгардӣ санаде имзо шуд. Бар асоси ин санад варзишгарони тоҷик метавонанд дар варзишгоҳҳо ва толорҳои варзишии Қазоқистон тамрин кунанд, ки имкон дорад ин амр дар беҳбуди сатҳи омодагии варзишгарони тоҷик ва ширкати муваффақтари онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ мусоъидат кунад.

 

Зимнан, дар Бозиҳои 16-уми Осиё Чин бо 416 медол бо шумули 199 медоли тило дар зинаи аввал ҷой гирифт. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тими мунтахаби Қазоқистон 79 медол, аз ҷумла 18 медоли тило, Ӯзбакистон бо 56 медол ва 3 медоли тило ва Қирғизистон бо 5 медол мутаносибан дар радаҳои 5, 8 ва 25 қарор доранд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3700-q-----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854