СЕ МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД
Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбои варзишӣ дар шаҳри Тошканд се медал ба даст оварданд.
Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Абубакр Зоиров дар вазни то 90 кг ва Набимуҳаммад Хоркашев – дар вазни то 100 кг ҷойҳои дуввумро касб карда, бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд. Паҳлавони дигари тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни то 52 кг дар ҷои севвум қарор гирифт ва соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, паҳлавонони тоҷик инчунин дар сабқати самбои размӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Касби се медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро коршиносони риштаи варзиш дар Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Дар тӯли 35 сол пас аз пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ягон варзишгари дигари Тоҷикистон дар риштаи гуштии самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф нашудааст.
Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3525-2010-11-07-16-17-07.html