11:51:14 06-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАҲРУМИЯТИ ГУСТАРДА АЗ ТАҲСИЛ ДАР МАДОРИС

Вазири маъорифи Тоҷикистон гуфтааст, ки 50 ҳазор донишомӯз пас аз хатми клоси нӯҳум аз таҳсил дар мадориси мутавассити ин кишвар дур мемонанд. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъориф, ин матлабро рӯзи душанбеи 6 июл дар нишасте матбуъотӣ бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе баён кард.

Вай гуфт, ҳамчунин мавориди дур мондани донишомӯзон, бахусус духтарон, қабл аз клоси нӯҳум низ дар бархе аз мадориси Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст. Вазири маъорифи Тоҷикистон гуфт, ки ба таҳсил фаро гирифтани донишомӯзон, бахусус духтарон аз сиёсатҳои умдаи ин ниҳоди давлатӣ маҳсуб мешавад ва тибқи қавонини кишвар ниҳодҳои зидахл, бахусус додситонӣ дар навоҳӣ метавонанд аз тариқи қонун дар ҷалби духтарон ба таҳсил кумак кунанд.

Ин дар ҳолест ки ахиран додситонии Кӯлоби вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, алайҳи чаҳор тан аз волидоне, ки дар таҳсили фарзандонашон дар мадорис маҳдудият эҷод кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва таҳқиқи ин қазоё идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, давлати Тоҷикистон мехоҳад мушкили дур мондани донишомӯзон, бахусус духтарон аз таҳсилро аз тариқи ҷорӣ кардани низоми таҳсилии даҳсола ва дувоздаҳсола ҳал кунад.

Дар паёми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба порлумон дар моҳи апрели соли ҷорӣ бар ҳатмӣ кардани низоми таҳсили даҳсола дар соли 2010 ва таҳсили ҳатмии 12-сола дар соли 2012 таъкид шуда буд.

Ба ин далел Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт ҳамакнун гурӯҳе корӣ дар ин росто фаъолият дорад ва дар канори ислоҳи қавонини кишвар, консепсиюни таҳсилот дар муассисаҳои миёна ва умумиро таҳия ва барои баррасӣ ба давлат ироа хоҳад кард.

Ин дар ҳолест ки ҳамакнун тибқи қавонини Тоҷикистон, таҳсил то клоси нӯҳум ҳатмӣ буда ва идомаи таҳсил дар клосҳои даҳ ва ёздаҳ ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад.

Ин аст ки гуфта мешавад бештари духтарон пас аз хатми клоси нӯҳ ба идомаи таҳсил алоқа надоранд ва ё волидонашон аз идомаи таҳсили онҳо монеъ мешаванд.

Соҳибназарон бо он ки ҷалби донишомӯзон ба таҳсил аз роҳи ҳатмӣ кардани таҳсили даҳсола ва дувоздаҳсоларо дар ҷиҳати саводноксозии онҳо муҳим медонанд, аммо мегӯянд, ки имконоти давлат барои фарогирии куллияи шогирдон ба таҳсил маҳдуд аст.

Гузоришҳои вазорати маъориф ҳокист, ки донишомӯзон дар бештари мадорис дар се баст таҳсил мекунанд ва нарасидани мизу курсӣ, ҷойи нишаст ва камбуди омӯзгорон аз мушкилоти аслии арсаи маъориф аст. Ин дар ҳолест ки вазорати маъориф мегӯяд ҳамакнун дар мадориси Тоҷикистон ҳудуди се ҳазор омӯзгор намерасад.

ЮНИСЕФ ё Сандуқи кӯдакони СММ низ ҳамвора аз дур мондани духтарон аз мадорис, бавижа дар манотиқи рустоии Тоҷикистон, ибрози нигаронӣ кардааст, аммо мукарраран хостори эҷоди шароити мусоъид барои таҳсили донишомӯзон шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, гуфт вазорат қасд дорад дар назди бозорҳо низ мадорисе боз кунад, то донишомӯзоне, ки дар бозорҳо фаъолият мекунанд ва аз таҳсил дур мондаанд, ба дарсҳо фаро гирифта шаванд.

Зимнан, оморҳои расмӣ ҳокист, ки дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 3800 мадраса фаъолият аст, ки дар ин муассисаҳо ҳудуди як милюну 700 ҳазор донишомӯз таҳсил мекунанд.

Ихроҷи чаҳор ҳазор донишҷӯ

Мавзӯъи фарогирии донишомӯзон ба таҳсил дар мадорис дар ҳолест, ки Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, мегӯяд чаҳор ҳазор донишҷӯйи бахши "ғойибона" аз донишгоҳҳои ин кишвар ихроҷ карда шудаанд.

Оқои Раҳмонов гуфт бозрасӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон собит кард, ки исми бештари ин донишҷӯён дар донишгоҳҳо вуҷуд дошта, аммо худи онҳо дар дарсҳо ширкат надоранд ва бештарашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебаранд.

Ба ин далел, он гуна ки Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ҳарчанд таҳсил дар бахши ғойибона ҳамчунон ҷараён дорад, аммо дар бархе аз риштаҳо то ҳудуди 25 ва 50 дарсад аз теъдоди донишҷӯён коҳиш ёфтааст.

Ба таъкиди оқои Раҳмонов, "имрӯз сиёсати вазорати маъориф беҳтар кардани сифати таълим аст ва аз тариқи додани мадраки донишгоҳӣ ба донишҷӯ, ки дар асл дар раванди таҳсил ширкат намекунад, арсаи омӯзишу парвариш рушд нахоҳад кард."

Мушкили ҳиҷоб

Ҳарчанд вазири маъорифи Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ дар бораи теъдоди донишҷӯдухтарони ихроҷшуда барои пӯшиши ҳиҷоб арқоме ироа накард, аммо гуфт, ки иқдомоти масъулони донишгоҳҳои кишвар дар ин росто тибқи дастурулъамали вазорати маъориф сурат гирифтааст. Вай гуфт вазорати маъориф ба қавонини кишвар пойбанд аст ва тибқи дастурулъамали ин ниҳоди давлатӣ аз ду сол қабл либоси воҳид барои донишомӯзон ва донишҷӯёни мадорис ва донишгоҳҳо дар кишвар муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи вазири маъорифи Тоҷикистон, риъоят накардан аз ин дастурулъамал сарпечӣ аз қавонин аст ва ҳар донишгоҳ дар чорчӯби ин меъёр метавонад ба ҳар гуна бархӯрди ба гуфтаи вай ғайриқонунӣ посух диҳад.

Ин дар ҳолест ки тибқи бархе гузоришҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар поёни соли таҳсил ба ихроҷи ҳашт тан аз донишҷӯдухтароне, ки ҳиҷоб бар сар карда буданд, иқдом кардааст.

Аммо дар пайи вокуниши бархе аз ин духтарон, аз ҷумла яке аз онҳо, ки донишҷӯйи соли панҷуми факултаи рӯзноманигорӣ аст, донишгоҳ маҷбур шудааст, то ӯро дубора барқарор кунад.

Ин дар ҳолест ки эҷоди маҳдудият барои пӯшиши либоси исломӣ тавассути вазорати маъорифи Тоҷикистон мунҷар ба нигаронии мунтақидону мухолифон дар кишвар шуда ва онон ин амрро муғойир бо Қонуни Асосӣ ва нақзи ҳуқуқу озодиҳои сокинон арзёбӣ кардаанд.

Бархе аз мунтақидон мегӯянд, аз он ки вазорати маъориф ба мавзӯъи ҳиҷоб ва арзишҳои миллӣ даст мезанад, беҳтар аст, то шароити мусоъидеро барои таҳсили донишҷӯён фароҳам кунад.

Афзоиши ҳазинаи таҳсил

Дар ҳамин ҳол, боло рафтани маблағи пардохт барои таҳсил дар бахши қарордодӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон мояи нигаронии бисёре аз сокинон шудааст.

Афзоиши ҳазинаи таҳсили донишҷӯён дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки худи мақомоти давлатӣ мегӯянд бӯҳрони молии ҷаҳонӣ асароте бар вазъи иқтисоди ин кишвар ворид кардааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, низ зимни таъйиди боло рафтани маблағи таҳсил дар бахшҳои қарордодӣ дар бештари факултаҳои донишгоҳҳо гуфт: “Дарвоқеъ, нисбат ба соли гузашта ин маблағ дар факултаҳои ҳуқуқ ва иқтисод афзоиш ёфтва то ба 1800 дулори омрикоӣ расидааст.”

Аммо оқои Раҳмонов гуфт: “Арсаи маъориф, бахусус муассисаҳои олӣ дар муқоиса бо кишварҳои дигари ҷаҳон ба маротиб ақаб уфтодааст. Заминаҳои моддӣ ва фаннии таҳсили донишгоҳӣ заъиф аст. Ҳоло танҳо як донишгоҳ, донишгоҳи исловии Тоҷикистон ва Русия, дорои се лавҳи электрунӣ аст.”

Ба ин далел, вазири маъорифи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки боло бурдани маблағи бахшҳои қарордодӣ имкон хоҳад дод, то донишгоҳҳо бо таҷҳизоти мудерн муҷаҳҳаз ва шароити таълим дар онҳо бамаротиб беҳбуд ёбад, ҳарчанд мунтақидон дар беҳбуди вазъи таълим дар донишгоҳҳо ва шаффофияти истифода аз маболиғи ворида ибрози тардид мекунанд.

Бо ин ҳол, Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд маблағи пардохт барои таълим дар бахшҳои қарордодӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар муқоиса бо донишгоҳҳои Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Русия чандон зиёд нест.

Зимнан, дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 22 донишгоҳ фаъол аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулони вазорати маъориф, ахиран намояндагии Донишгоҳи давлатии Ломоносови Маскав дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шудааст, ки таҳсил дар ин муассисаи олӣ аз сентябри соли ҷорӣ шурӯъ хоҳад шуд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi