РАДИОИ «ОЗОДӢ»: ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «ОНЧӢ МЕБИНАМ»
27-уми июн дар дафтари душанбегии бахши тоҷикиии радиои «Озодӣ» ҷамъбасти озмуни «Ончӣ мебинам» баргузор гардид. Ҳайати эҷодии сомонаи тоҷикии радиои мазкур чанде пештар ба ифтихори ҷашни «Рӯзи ваҳдати миллӣ» озмуни аксбардорони ҳаваскори Тоҷикистонро эълон карда буд. Инак дар рӯзи таҷлили ин ҷашн масъулин аз озмун натиҷагирӣ карданд.
Ба гуфтаи мудири бахши душанбегии ин радио Мирзонабии Холиқзод ва масъули сомонаи «Ozodi.tj» Раҳматкарими Давлат тӯли ду моҳ муштариёни сомона ба унвонии он беш аз 200 адад аксҳои гирифтаи худро барои ширкат дар озмун фиристоданд. Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани ин озмун ва кадом аксҳо дар он ғолиб дониста шуданд шумо, муштариёни гиромии сомон, метавонед аз маводи зерини ба усули чандрасонаӣ таҳиянамудаи хабарнигорамон иттилоъ бигиред.
Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2567--lr---l-r.html