17:12:48 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Дар Душанбе Анҷумани роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад

14 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Анҷумани роҳбарони мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба моаз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

avonon-forum-5858585858.jpgМақсад аз баргузории Анҷумани мубодилаи масъалаҳои ҷавонон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон дар сатҳи минтақавӣ ва таъмин намудани воситаҳои мубодилаи байналмиллалӣ барои ҳамкории доимӣ мебошад.

Дар ҳошияи Анҷуман раҳбарони ниҳодҳои давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷамъ омада, роҳу воситаҳои ҳал намудани мушкилоти имрӯзаи ҷавонони минтақаро пайдо мекунанд. Тавассути мубодила ва ҳамкорӣ дар доираи форум роҳҳои ҳалли муштараки амалии беҳбуди вазъи кунуниро таҳия намуда, онҳоро тавассути чорабиниҳои минтақавӣ дар ҳар давлат амалӣ менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ шумораи аҳолӣ босуръат меафзояд, бинобар ин наврасону ҷавонон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд. Бар асоси ин имрӯз дар назди давлатҳои Осиёи Марказӣ вазифа гузошта шудааст, ки сиёсати рушди ҷавононро амалӣ созанд.

Мувофиқи омори ҷаҳонӣ, имрӯз дар дунё шумораи рекордии ҷавонон сабт шудааст. Нисфи аҳолии ҷаҳонро наврасону ҷавонони то 30-сола ташкил дода, интизор меравад, ки ин рақам то охири соли 2030 ба 57 фоиз расад.

Тибқи таҳлили оморӣ, аз шумораи умумии аҳолӣ 32,9%-и онро ҷавонони аз 14 – 30-сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардида, дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9% шумораи ҷавонон дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.

Аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат сол то   сол барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ қабул ва амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда ҷиҳати тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ гардида истодааст. Илова бар ин, ҷиҳати амалишавии 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бармеояд, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ гардида истодааст. Дар заминаи барномаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул ва татбиқ шуда истодаанд.

Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi