Дилшод Назаров узвияти Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё пешбарӣ шуд
Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 барои солҳои 2023-2027 ба ҳайси узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё пешбарӣ гардид. Дар ин бора ТВ “Варзиш” иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ, президенти Шӯрои олимпии Осиё (OCA) ба Дилшод Назаров мактуби табрикотӣ фиристодааст.
“Мувофиқи салоҳияте, ки моддаи 19 ва 24-и Конститутсияи OCA бароям додааст, ман аз пешбарӣ кардани шахси шумо ба ҳайси узви Раёсати OCA барои солҳои 2023-2027 хеле хушҳолам”, - омадааст дар мактуби Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ.
Президенти Шӯрои олимпии Осиё афзудааст, “умедворам бо шахсияти неки шумо барои пешбарӣ ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Осиё ҳамкорӣ кунам”.
Бояд гуфт, ки ҳоло Дилшод Назаров ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016, ҳамчунин барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 ва барандаи 3 медали тиллои Бозиҳои осиёӣ аст.
Ҳамчунин, ӯ қаҳрамони 5-каратаи Осиё мебошад.
Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus