“Дарвозабони Тоҷикистон беҳтарин аст”
“Дарвозабони Тоҷикистон беҳтарин аст”- бо чунин суханон сармураббии дастаи мунтахаби Таиланд оид ба футзал Виктор Ҳеманси ҳоландӣ конфронси матбуотии баъдибозиро дар шаҳри Тошканд баъди вохӯрии дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” оғоз кард.
“Толеи мо баланд будааст, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистонро дар сонияи охир мағлуб кунем. Тоҷикистон ҳам метавонист дар ин вохӯрӣ пирӯз шавад.Аммо бахти варзишӣ ба рӯи мо тофт. Дарвозабон хеле олӣ бозӣ кард”,-натиҷагирӣ кард мутахассиси ҳоландӣ.
Сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев гуфт:-“Ба футболбозони мо таҷриба нарасид, ки ин ҳарифи қудратмандро мағлуб кунанд. Фикр мекунам, ки агар бозӣ мусовӣ- 4 бар 4 ҷамъбаст мешуд, натиҷа одилона буд. Ин бохтро мо бояд аз хотир барорем ва ба бозиҳои оянда омода шавем, ҳоло шонси ба даври дигар гузаштан аз даст нарафтааст”.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими мунтахаби Таиланд бо натиҷаи 4 бар 5 бозиро бохт ва акнун рӯзи 13-уми феврал бо дастаи мунтахаби Ветнам вориди майдон мешавад.
Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Некрӯз Алимаҳмадов, Мансур Мамадбобоев ва Раҳмоналӣ Шарипов (2 тӯб) ба ҳадаф расониданд.
АМИТ «Ховар»