"Фараж"+"Чашма" - ғолиби мусобиқаи волейбол байни кормандони ВАО
Мусобиқаи волейбол ба муносибати 85-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” байни кормандони васоити ахбори омма (ВАО) бо пирӯзии дастаи “Фараж”-“Чашма” хотима ёфт.
Дастаи “Фараж”-“Чашма” дар мусобиқаи волейбол ба муносибати 85-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” байни кормандони васоити ахбори омма, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзҳои 10-14 апрел дар шаҳри Душанбе барпо гардид, ғолиб шуд.
Дар ин бора ба мо Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел хабар дод. Вай афзуд, “имрӯз даври ниҳоии мусобиқа баргузор шуд. Барои ҷои сеюм тимҳои “Озодагон” ва “Тоҷикистон” рақобат карданд. Бо сабаби ба бозӣҳозир нашудани тими “Тоҷикистон” дастаи “Озодагон” ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷои сеюм гардид. Барои ҷои аввал “Фараж” – “Чашма” бар “Ҷаҳоннамо” ғолиб омад”.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Баҳром Ишратов, сармутахассиси ин кумита ва Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба дастаи ғолиб ва тимҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, ҷом ва медалҳо супориданд.
“Озодӣ”