10:35:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Футбол: Ҷоми ҷаҳонӣ-2014. Кадом даста қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии 2014 мешавад?

Имрӯз футбол, дӯстдоштатарин бозии инсонҳо дар  сайёраи замин меҳмони қариб ҳар хонадон шудааст. Сиву ду беҳтарин дастаи футболи ҷаҳон инак ним моҳ аст, ки дар Бразилия байни ҳам барои гирифтани Ҷоми ҷаҳонӣ мусобиқа доранд. Аввалин бурдҳову аввалин бохтҳо бархе аз мухлисонро сарфарозу иддаи дигарро ноумед кардаанд.

1 football 454545

Масалан мухлисони тими Испания, ки то ин дам ҳам қаҳрамони ҷаҳон ва ҳам Аврупо ба шумор меравад, дигар умедашонро аз бори дигар қаҳрамони ҷаҳон шудани ин дастаи овозадор ба якборагӣ канданд. Зеро ду бозии нахустинашонро испаниҳо бар дастаҳои Ҳолланд ва Чили бохтанд.

brazil-2014 454545Агарчи дар  бозии саввум бар Астралия ғолиб омада бошанд ҳам, вале дигар аз идомаи сабқат барои гирифтани медалҳои ин мусобиқа маҳрум шудаанд. Ҳамин гуна маҳрумият насиби дастаи футболи Англия шуд. Англисҳо ду бозии аввали худро бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 бар тимҳои Италия ва Уругвай бохтанд.

Дастаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бешубҳа дар Тоҷикистони мо аксаран мухлиси он ҳастанд, бо вуҷуди як бозии мусовӣ бо Нигерия ва бохт бар Аргентина ҳанӯз ҳам имконияти ба ҳаштякфинал баромаданро дорад. Ин дар он сурат рух хоҳад дод, ки Аргентина Нигерияро бо ҳисоби калон мағлуб созад ва дар навбати худ Эрон бар Босния ва Ҳерсоговина низ бо ҳисоби на камтар аз ду бар нол ғолиб ояд.

messi argentina  4545Дастаи Русия низ айнан дар чунин ҳолате қарор дорад, ки дастаи футболи Эрон қарор гирифтааст. Русия низ баъди бозии мусовӣ бо Куриёи Ҷанубӣ ва бохт бар Белгия танҳо як хол дораду дар ҷои саввуми гуруҳи H қарор гирифтааст. Агар Белгия бар Куриёи ҷанубӣ ғолиб ояду Русия Алҷазоирро мағлуб созад, он гоҳ Русия, ки мизбони ҷоми навбатии ҷаҳонии соли 2018 хоҳад буд, метавонад ба ҳаштяк финал барояду барои гирифтани медалҳои Ҷоми ҷаҳонии 2014 муборизаи худро идома диҳад.

Дар айни ҳол, то субҳи 24-уми июн, то ин даме, ки ин сатрҳо навишта мешаванд, чанд дастаи футбол ҳуқуқ пайдо кардаанд, ки бозиҳои худро дар ҳаштякфинал идома диҳанд. Инҳо аз гуруҳи А дастаҳои Бразилия ва Мексика, аз гуруҳи В дастаҳои Ҳолланд ва Чили, аз гуруҳи С дастаи Колумбия, аз гуруҳи Д дастаи Коста-Рика, аз гуруҳи Е дастаи Фаронса, аз гуруҳи F дастаи Аргентина ва аз гуруҳи H дастаи Белгия мебошанд.

То ин лаҳзаҳо маълум шудааст, ки дар вохӯриҳои ҳаштякфиналӣ тими Бразилия бо дастаи Чилӣ ва дастаи Ҳолланд бо Мексика қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дар ҷои аввали сабқати беҳтарин нишонзанҳои ин ҷоми ҷаҳонӣ баъди се давр бо чор гол ҳуҷумкунандаи Бразилия Неймар қарор дорад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi