05:24:44 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Алишер бо медали тилло баргашту Зуҳро бо нуқра

Аз 30-юми ноябр то 7-уми декабри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон (WAKO) баргузор шуд, ки дар он беш аз ҳазор варзишгар аз 60 кишвари дунё дар 5 намуд ширкат карданд.

alisher-54566788Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 15 варзишгар муаррифӣ карданд, ки миёни онҳо се нафарашон духтарон буданд. Варзишгарони тоҷик дар чор намуд: фулл контакт, лайт контакт, кик лайт ва поинт файтинг ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамин тариқ Алишер Аҳмадов дар намуди лайт контакт дар вазни то 57 кило бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, ҷойи аввалро соҳиб шуд ва медали тилоро ба даст овард.

Варзишгари дигари тоҷик Зӯҳро Холова дар қувваозмоии занон дар намуди кик лайт дар вазни то 50 кило ҷойи дувумро касб карда бо медали нуқра сарфароз карда шуд.

Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO), ки дар Инсбруки Австрия баргузор гардида буд, 24 медал - 6 тилло, 5 нуқра ва 13 биринҷӣ ба даст оварда буданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi