01:11:43 27-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

Ҷаҳонпаҳлавони оянда

Пеш аз он ки ин матлаб дар бораи Манучеҳр рӯи чоп биёяд дар ҳамин ҳафтанома се ҳафта қабл дар борааш шеъре бо номи «Медалборон» чоп карда будем. Ва ин шеърро на ягон шоири номдор, балки узви маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Хайрандеш Моҳрӯ Пайкишоева, ки модари Манучеҳр аст, навишта буд. Рости гап, шеъри модар дар васфи фарзанд, ки онро чун  дуои модар барои  фарзанд донистем, ҳисси кунҷковии моро зиёд кард.Охир на ҳама модар мехоҳад, ки фарзандаш варзишгар, алалхусус, дар  боз навъҳои набардҳои тан ба тан бошад.

pahlavoni-javon 545454

Аз ин рӯ мо хостем бо Манучеҳр рӯ ба рӯ мулоқоте дошта бошем. Инак ӯ дар идораи ҳафтаномаи «Рӯзгор». Ҳамаи медалҳову ифтихорномаҳои дар мусобиқаҳо ба даст овардаашро дар халтае бо худ гирифтааст. Беш аз сӣ медалу беш аз чиҳил ифтихорнома!! Аз ӯ мепурсам, ки  чанд сол дораду синфи чанд мехонад. Посух медиҳад, ки понздаҳсола ҳасту дар синфи ҳаштуми мактаби миёнаи рақами 56-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Боз мепурсам, ки чанд килограмм вазн дораду кадом навъи варзишро ихтиёр кардааст.

Мегӯяд ки 42 килограммм вазн дорад ва дар навъи  Нюфул контакт, ки яке аз навъҳои ба тозагӣ ба варзиш воридшудаи набарди тан ба тан мебошад, дар назди мураббӣ Зулфалӣ Латифов, қаҳрамони чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ ва довари дараҷаи байналмилалӣ дар ин навъи варзиш машқ мекунад. Ва ба ман мефаҳмонад, ки Ню фул контакт аз таэкван-до ва кикбоксинг чи фарқ дорад. Дар таэкван-до ва кикбоксинг танҳо бо пой муҳориба мекунанд, мегӯяд Манучеҳр. Дар Нюфул контакт бошад ҳам бо пой ва ҳам бо даст задухӯрд менамоянд ва Манучеҳр илова мекунад, ки ин навъи варзиш дар Тоҷикистон Федератсияи худро бо номи «Муай тай бо Ню фул контакт супер каратэ» дорад, ки раиси он Ҷалил Мирзоев мебошад.

Манучеҳр мегӯяд, ки пеш аз он ки ҳашт сол муқаддам ба машқгоҳ биёяд, ӯро дар хона падараш Назрвалӣ Риёев, ки устоди спорти Иттиҳоди Шӯравӣ дар навъи гӯштии юнонӣ-римӣ (қаблан классикӣ мегуфтанд) мебошад, ҷисман ва руҳан омода кардааст, обу тоб додааст.

Хулоса, Манучеҳр бо вуҷуди понздаҳ сол доштанаш як ҳамсуҳбати хеле ҷолиб ба назар мерасид. Он чизе, ки дар бораи худ мегуфт, фикр мекунам, ки ҳама ҳарфҳои муҳим буданд. Масалан, гуфт, ки соли 2005 дар як мусобиқаи ҷумҳуриявии Нюфул контакт ӯ яку якбора дар ду вазн: вазнҳои 24 ва 28 килограмм бо ҳамсолони худ мусобиқа кард ва дар ҳарду вазн ғолиб дониста шуд. Худаш ҳамон вақт 24 кило вазн доштааст. Ва барои тасдиқи фикраш Ифтихорномаҳоро ба ман нишон дод.

Яке аз ифтихорномаҳо, ки бо забони англисӣ навишта шуда буд, диққати маро бештар ба худ ҷалб кард. Аз Манучеҳр мепурсам, ки ин чӣ Ифтихорнома ҳасту чӣ гуна онро ба даст овардааст. Дар посух ба ман медалеро нишон дода мегӯяд, ки он Ифтихорномаро бо ин медал ҳамагӣ каме бештар аз як моҳ қабл (23-25- августи соли 2013) дар як мусобиқаи байналмилалие, ки дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд баргузор гардид, ба даст овардааст.

Дар ин мусобиқа намояндагони 9 давлати хориҷа азҷумла, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Муғулистон ва дигар кишварҳо ширкат карданд. Манучеҳр дар вазни 38 килограмм қувваозмоӣ намуд. Ман аз Манучеҳр хоҳиш мекунам, ки ӯ муфассалтар дар бораи  набардҳояш дар ин мусобиқа ба ман қисса кунад. Қувваозмоии ҳамсолони Манучеҳр аз се раунди якдақиқагӣ иборат будааст.

Дар даври нахусти ин мусобиқаи байналмилалӣӯ бо ҳамсоли худ аз ноҳия Восеъ қувва озмуд. Мураббии восегӣ дар раунди дуввум саччоки сафедро рӯи ринг партофт, ки ин маънои қатъ кардани қувваозмоӣ ба фоидаи Манучеҳрро дошт. Баъди ин ғалаба Манучеҳр ба чорякниҳоӣ мебарояд ва дар он ҷо бо намояндаи Қазоқистон қувваозмоӣ мекунад. Дар ин қувваозмоӣ низ Манучеҳр бо хол ғолиб дониста мешавад.

Дар қувваозмоии ниманиҳоӣ ҳарифи Манучеҳр соҳиби майдон, ҳамсоли ӯ аз шаҳри Истаравшан будааст. Манучеҳр ӯро дар раунди саввум ба накаут мефиристонад ва ғолиби қувваозмоӣ дониста мешавад. Дар бозии ниҳоӣ ҳарифи Манучеҳр намояндаи Ӯзбекистон буд. Баробари оғоз шудани қувваозмоӣ Манучеҳр пай дар пай ба ҳуҷум мегузарад ва ҳанӯз дар раунди аввал рақибашро ду бор ба накдаун мефиристад. Ин ҳолатро дида мураббии варзишгари ӯзбекистонӣ аз довари майдон хоҳиш мекунад, ки қувваозмоиро қатъ кунад ва шикасти шогирди хешро эътироф мекунад.

Он рӯз ба шарафи он ки Манучеҳр дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар вазни худ ҷои аввал ва медали тиллоро соҳиб гардид, гимни Тоҷикистон навохта ва Парчами он барафрохта шуд.

Ман ин рӯз ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, мегӯяд Манучеҳр.

Биёед, дӯстони азиз, дуо кунем, ки чунин рӯзҳои фаромӯшнашаванда дар ҳаёти Манучеҳр ва дигар паҳлавонони навраси мо бешумор бошанд ва дар ҳар як мусобиқаи байналмилалӣ суруди миллии мо танинадозу парчами давлати мо партавафшон гардад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 16 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi