09:47:17 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Блаттер «Равшан»-ро бо пирӯзӣ табрик кард!

Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар барқияи шодбошие унвонии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тими "Равшан"-и Кӯлобро барои пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон табрик кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ итилоъ додааст.

1212 blatterЙозеф Блаттер, дар номаи худ аз ҷумла қайд кардааст: "Муҳтарам, Рустами Эмомалӣ лутфан, табрикоти манро ба бошгоҳи "Равшан" дар робита ба ғалабааш дар мусобиқоти Тоҷикистон, бидуни ягон бохт расонед".

Ҷаноби Блаттер дар идомаи мактуб гуфтааст, ки ин пирӯзиро ба тамоми бозигарон, менеҷер, ҳайати фаннӣ ва тиббӣ, ҳамчунин тамоми мухлисони ин даста шодбош мегӯяд, ки бешубҳа дар ғалабаи клуб саҳм доранд".

Тими "Равшан"-и Кӯлоб соли дуюм аст, ки паи ҳам ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мешавад. Дастаи "Равшан" яке аз дастаҳои сермухлистарин ва пурқуввати Тоҷикистон буда, дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ аз 18 бозӣ  дар 14 тояш ғалаба ба даст оварда, чор вохӯрии дигарро мусовӣ анҷом додааст.

Бозингарони тими "Равшан" дар мавсими имсолаи футбол ба дарвозаи рақибони худ 26 гол ворид намуда аз  тӯри дарвозаи худ ҳамагӣ 5 тӯб баровардаанд. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар мавсими имсолаи футбол бо 43 имтиёз ҷои дуюм ва тими "Хайр"-и Ваҳдат бошад бо 34 имтиёз мақоми сеюмро ишғол карданд.

Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи "Равшан"-и Кӯлоб дар суҳбат бо "Рӯзгор" гуфт: "Аз пирӯзии даста бисёр шодам ва пеш аз ҳама ба тамоми мухлисони дасти "Равшан" миннатдории худро мерасонам, ки аз аввали мавсими имсолаи футбол то ба охир пайваста моро руҳбаланд мекарданд. Дар пирӯзиҳои "Равшан" ва қаҳрамон шуданаш дар чемпионати имсола ва соли гузашта мухлисони даста низ саҳмгузоранд. Аз  бозии ҳамаи бозигарони даста қаноатмандам. Ҳар яки онҳо дар ҷараёни бозиҳо кӯшиш кардаанд, ки мақсади ягонаи дастаашонро, ки қаҳрамон шудан буд, амалӣ созанд".

Маъруф Рустамов мегӯяд: "Мо имсол дар назди даста мақсад гузошта будем, ки ҳам қаҳрамони Тоҷикистон мешавем ва ҳам Ҷоми Тоҷикистон-2013-ро ба даст меорем. Аммо як иштибоҳи худи ман сади роҳ шуд ва мо натавонистем, ки Ҷоми Тоҷикистонро ба даст биорем".

ravshan-chempion-45544545

Дар воқеъ бозигарони дастаи "Равшан"-и Кӯлоб имсол барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон ҳам то даври якчорниҳоӣ хуб ҳунарнамоӣ карданд. Тими "Равшан"-и Кӯлоб, рӯзи 18-ум сентябр дар бозии ҷавобии 1/ 4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2013, дар майдони худ дастаи "Парвоз"-ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буд. Аммо пас аз анҷоми ин бозӣ раҳбарияти бошгоҳи "Парвоз" ба ФФТ эътирози расмӣ навишт, ки гӯиё дар нимаи дувуми бозӣ бозигари 19-солаи "Равшан" Саидхони Амрохонро легионери африқоӣ-Гершон Акуффо иваз кард, ки синнаш аз 19 боло аст ва ин мухолифи Дастури мусобиқот мебошад. Аз сабаби риоя накардани дастурҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), "Равшан" расман мағлуб ва 1000 сомонӣҷарима карда шуд.

Ин дар ҳолест, ки Маъруф Рустамов мегӯяд, аслан баъд аз маҷруҳ шудани Саидхони Ҳамрохон, каме саросема шуда, ба хатогӣ роҳ додем. Албатта мо интизори рух додани чунин воқеаи нохуш набудем. Дар рафти бозӣ мутаассифона, бо ин гуна мушкили рӯ ба рӯ шуда, иштибоҳ кардем. Ин кор, айби худи мо, роҳбарони дастаи Равшан, рух дод. Вале дар инҷо доварони ҳамин бозӣ низ бе айб набуданд зеро онҳо ин чизро медонистанду моро огоҳ накарданд.

"Вақте ман бозии финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро, ки миёни дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат ва ССКА "Помир"-и Душанбе баргузор гардид тамошо кардам, дар ин бозӣ ягон бозигари 19-сола бозӣ намекард. Аз сармураббии тими "Хайр суол кардам, ки чаро дар ҳайати дастаҳо бозигарони 19-сола бозӣ намекунанд? Ӯ ба ман чунин посух дод, ки дар бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон иштироки бозигарони 19-сола ҳатмӣ нест. Мутаасифона, дар бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон ба мисли бозиҳои чемпионат иштироки бозигари синни то 19-сола ҳатмӣ будааст, вале ман инро намедонистам,"-афзуд Маъруф Рустамов.

Бино ба гуфтаи сармураббии тими "Равшан"-и Кӯлоб айни ҳол ҳамаи бозигарони даста ба рухсатӣ фиристода шудаанд ва ният доранд, ки аз аввалҳои моҳи январ машқҳо шуруъ кунанд. Зеро дастаи "Равшан" соли 2014 дар бозиҳои ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои қитъаи Осиё (АФК) ширкат намуда Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард.

Пеш аз оғози мусобиқот соли оянда дастаи "Равшан"-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2013 ва тими "Истиқлол"-и Душанбе, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2013 аввалҳои моҳи апрели соли 2014 барои Суперкубоки Тоҷикистон бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Ибодуллоҳи Тоҳир, барои "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi