07:55:00 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Истеҳсоли тиллоро кай ба 3 тонна мерасонда бошем?

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар ҳанӯз дар соли 2011 гуфта буд, ки истеҳсоли тиллоро ба 3 тонна мерасонад. Аммо он сол дар кишвар ҳамагӣ 2 тоннаю 241 киллограм тилло тавлид гардид. 

gold-zolota-tillo 2013Он замон, вазири саноат дар иҷро нашудани нишондоди эълонкардааш вазорати молияро муттаҳам кард, ки гӯиё дар корхонаи зертобеаш "Тиллои тоҷик" корро хуб ба роҳ намонду нақшаро иҷро накард. Тибқи нақша дар корхонаи "Тиллои тоҷик" бояд 500 киллограм тилло истеҳсол мешудааст, аммо дар паи ташкили сусти кор дар корхона ҳамагӣ 319 киллограм тилло истеҳсол гардидааст.

Дар соли 2012-ум ҳам истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон ба 3 тоннаи эълонкардаи вазири энергетика ва саноат нарасид. Соли 2012-ум дар Тоҷикистон 2,4 ҳазор кило тилло истихроҷ шуда буд, ки аз нишондоди соли 2011 ҳамагӣ 160,8 кило бештар буд.

Таҷрибаи ду соли пеш барои масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ки аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои эълоннамудаашон набаромаданд, сабақ шудааст, ки имсол намояндагони ин ниҳод аз эълони дурнамои тавлиди тилло дар кишвар худдорӣ мекунанд.

Пулод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотӣ эълон накард, ки дар соли 2013 дар кишвар чӣ қадар тилло истеҳсол хоҳад шуд. Аммо аз натиҷаҳои нимсолаи аввал ба гумон аст, ки имсол ҳам истеҳсоли тилло ба 3 тонна расонда шавад.

Аз ҷумла Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон 994 кило тилло ва 855,5 кило нуқра истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 134 ва 40 кило бештар мебошад.

Калонтарин сармоягузори хориҷии бахши тиллокории Тоҷикистон ширкати чинии Zijin Mining арзёбӣ мегардад, ки 75 фойизи саҳмияҳои калонтарин корхонаи тиллокории кишвар, - "Зарафшон" ба он тааллуқ дорад. Дар маҷмӯъ тибқи иттилои расмӣ дар кишвар аллакай 8 корхонаи тавлиди тилло, фаъолият мекунанд.

Дар мавриди он, ки тиллои истеҳсоли Тоҷикистон куҷо мешавад, масъулини вазорати энергетика изҳор медоранд, ки ҳамасола моҳи октябр ба ҳукумат мактуб мекунем ва ҳаҷми эҳтиёҷоти Вазорати молия ва Бонки миллиро маълум месозем. Баъди пурра қонеъ намудани талаботи онҳо, мо иҷозат медиҳем, ки тиллои кишвар ба хориҷа содир шавад. Ҳамасола тақрибан 60 дар сади тиллои Тоҷикистон барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ва 40 дар садаш ба хориҷа содир мешавад.

Алишер Зарифӣ, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi