18:28:49 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АВРУПО АЗ "РАВЗАНАИ ЯГОНА" ҲИМОЯТ МЕКУНАД

Иттиҳодияи Аврупо барои пуштибонӣ аз «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон як миллиону 200 ҳазор евро ихтисос дод. Ҳадаф аз тақдими ин маблағ, фароҳам овардани шароити беҳтар барои расмиёти воридоту содирот ва транзит дар Тоҷикистон мебошад.

/images/stories/2012/07/10_kamaz-100712.jpgБа ин муносибат рӯзи сешанбеи 10-уми июл дар дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Равзанаи ягона» ва Иттиҳодияи Аврупо як қарордод ба имзо расид. Пас аз он ширкати INTRASOFT International S.A ҳамчун иҷрокунандаи тарҳи мазкур бо Иттиҳодияи Аврупо қарордод ба имзо расониданд.

Эдуард Ауер, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки ҳадафи аслии ин кӯмак шакл додани фаъолияти ҷиддии маркази «Равзанаи ягона», ки дар назди Хадамоти гумруки ин кишвар амал мекунад,   мебошад. Ҳададфи дигари он, содда кардани тартиби санадгузориҳо ба хотири  содироту воридот ва транзит дар ин марказ аст.

Ба эътиқоди сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, фаъол шудани Маркази «Равзанаи ягона» ба пешрафти иқтисодиёт дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард ва роҳро барои ҳарчӣ зудтар шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ҳамвор хоҳад намуд.

Маркази «Равзанаи ягона» чаҳор сол қабл дар назди Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъсис дода шудааст. “Равзанаи ягона” барои сабти номи ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродист, ки 4 сол ба ин сӯ амал мекунад ва бахши аъзами қоғазбозии марбут ба кушоиши тиҷорат ё корхонаи ҷадидро зери як бом мунсаҷим кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi