ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЯК КОРХОНАИ ҶАДИДИ ТАВЛИДИ ДОРУ
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бузургтарин корхонаи тавлиди дору дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Феълан ин корхона 64 намуди дору тавлид мекунад ва қарор аст ин рақам то 120 намуд афзоиш ёбад. Коршиносон ҳаҷми бозори дору дар Тоҷикистонро беш аз як сад милюн дулор дар як сол арзёбӣ мекунанд.
Корхонаи дору дар ноҳияи Рӯдакӣ аз сӯйи ширкати “Тиб барои шумо” таъсис шудааст. Қурбоналӣ Ҷабборов, раиси ин ширкат, мегӯяд, ки дар гузашта онҳо ба воридот ва тиҷорати дору машғул будаанд. Вай афзуд: "Вале бо гузашти солҳо ба натиҷае расидем, ки метавонем бештари доруҳоро дар дохили кишвар тавлид кунем ва дар бораи таъсиси чунин корхонае тасмим гирифтем. Барои бунёди он 12 милюн сомонӣ масраф кардем."
Оқои Ҷабборов афзуд, ки феълан дар ин корхона 64 намуди дору тавлид мешавад ва се намуди доруҳо аз ихтироъоти донишмандони тоҷик аст. Вай афзуд: "Ҳоло ду доруи дигари ихтироъи донишмандони тоҷик дар ҳоли озмоиш қарор дорад ва баъд аз санҷиши пизишкон тавлиди онҳо оғоз хоҳад шуд. Дар корхонаи мо бахши вижаи таҳияи дору таъсис шудааст ва панҷ тан аз донишмандони саршиноси арсаи дорусозӣ дар он машғули кор ҳастанд."
Раиси ширкати “Тиб барои шумо” мегӯяд, ки ҳоло содироти доруи тавлиди Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Қирғизистон, оғоз шудааст. Вале ба гуфтаи вай, тиҷорати доруи тавлиди Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ душвор аст, зеро “то ҳол Тоҷикистон ба унвони як кишвари тавлидкунандаи дору муъаррифӣ нашудааст.”
Қурбоналӣ Ҷабборов мегӯяд, ки имконоти корхонаи тавлиди доруи ин ширкат бузург аст, вале танҳо бозори доруи Тоҷикистон наметавонад онро қонеъ созад. Ҳарчанд ба гуфтаи вай, ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон наметавонад куллияи ниёзи худ ба анвоъи мухталифи доруро бароварда созад. Ба унвони мисол, оқои Ҷабборов гуфт, Қазоқистон, ки кившари тавлидкунандаи умдаи дору дар минтақа маҳсуб мешавад, ҳафтод дарсади доруи мавриди ниёзи сокинони худро аз хориҷ ворид месозад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Салим Абдулазизов, раиси бахши дору дар вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар шаш корхонаи тавлиди дору фаъол аст, вале танҳо корхонаи ширкати “Тиб барои шумо” муассир ва бузургтарин корхона маҳсуб мешавад. Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, гардиши бозори доруи ин кишвар солиёна ҳудуди 50-60 милюн дулор аст ва бо дарназардошти кумакҳои созмонҳои хориҷӣ ин рақам 100 то 120 милюн дулорро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон пайваста аз вуҷуди доруҳои кайфияташ паст ва тақаллубӣ дар бозори Тоҷикистон шадидан интиқод мекунанд. Вале ба гуфтаи Салим Абдулазизов, ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон аз фурӯши чунин доруҳо ҷилавгирӣ мекунанд. Ба унвони мисол, вай гуфт, ки танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор килуграм доруе, ки мӯҳлати истифодааш сипарӣ шуда буд, мусодира ва нобуд карда шуданд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, қимати дору дар бозорҳои Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари ҳамсуд ба таври қобили мулоҳизае болост.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4026-2010-12-31-10-44-22.html