01:59:42 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ОҒОЗИ НИЗОМИ “РАВЗАНАИ ВОҲИД” БАРОИ ТОҶИРОН

Дар Тоҷикистон низоми сабти номи ширкатҳои хусусӣ аз тариқи “равзанае воҳид” фаъол шуд. Аз якуми июл дар бахшҳои Кумитаи молиёти Тоҷикистон дар куллия навоҳии кишвар тоҷирон ва бозаргонон метавонанд дар зарфи панҷ рӯз ширкатҳои худро сабти ном кунанд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Раҳматбоев, муъовини раиси Кумитаи амвол ва сармоягузории давлати Тоҷикистон, бозаргонон дигар ба ҷамъоварии асноди зиёде аз ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ниёзе надоранд.

Аз ин пас бозаргонон бояд мадорики худро ба бахшҳои молиёти ноҳияи зисти худ пешниҳод кунанд ва дар зарфи панҷ рӯз мунтазири дарёфти муҷаввизи фаъолияти ширкати худ бимонанд.

Оқои Раҳматбоев гуфт, ки дар гузашта дарёфти муҷаввизи фаъолият то ба якуним моҳ тӯл мекашид. Гузашта аз ин, бозаргонон муваззаф буданд ҳудуди ҳашт ҳазор сомониро ба унвони "маблағи ойинномавӣ" пардохт кунанд. Ҳоло ин маблағ то ба як ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин, аз рӯзи чаҳоршанбе барои дарёфти муҷаввизи умури сохтмонӣ низ низоми “равзанае воҳид” роҳандозӣ шудааст. Дар гузашта туҷҷор, бозаргонон ё нафароне, ки мехостанд биное бисозанд, барои дарёфти муҷаввиз то якуним сол вақти худро сарф мекарданд.

Ҳоло ҳукумати маҳалл, ки судури иҷозаи сохтмон ба дӯши он вогузор шудааст, муваззаф аст ин амрро дар муҳлати 90 рӯз анҷом диҳад. Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки посух надодани ниҳодҳои давлатӣ ба тақозои афрод барои дарёфти муҷаввизи сохтмон нишони ризоят дониста мешавад.

Шӯҳрат Раҳматбоев афзуд, ки роҳандозии “равзанаи воҳид” ҷузъест аз барномаи мавсум ба “200 рӯзи ислоҳот”, ки рӯзи сешанбеи 30 июн аз сӯйи давлати Тоҷикистон тасвиб шудааст. Ин барнома ба манзури сода кардани шароити фаъолияти туҷҷор ва бозаргонон таҳия ва мӯҳлати иҷрои он то охири соли ҷорӣ муқаррар шудааст. Ба ҷуз аз таъсиси “равзанаи воҳид” барои дарёфти муҷаввизи фаъолият ва сохтмон ҳамчунин таъсиси низоми мушобеҳе дар фаъолиятҳои иқтисодии хориҷӣ низ дар назар аст.

Ба гуфтаи оқои Раҳматбоев, аз байн бурдани мавонеъи маснуъӣ дар роҳи тавсеъаи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ҳадафи аслии ин санад будааст. Вай афзуд, ки дар ҷараёни таҳияи ин санад коршиносони хориҷӣ ҷалб шудаанд ва аз таҷрубаи кишварҳои пешрафта истифода шудааст.

Ба гуфтаи оқои Раҳматбоев, давлати Тоҷикистон қасд дорад дар ин замина ба пешрафтҳои бештаре даст ёбад, вале пойин будани сатҳи пешрафти фаннӣ дар иҷрои ин амр мушкил эҷод мекунад.

Ба унвони мисол, вай гуфт, ки давлати Тоҷикистон омода аст раванди сабти номи ширкатҳои хусусӣ аз тариқи интернетро низ роҳандозӣ кунад, вале мизони пойини дастрасии мардум ба шабакаи ҷаҳонӣ аз ин амр монеъ мешавад.

Ин дар ҳолест ки дар чанд соли ахир созмонҳои байналмилалии молӣ аз вазъи озодии тиҷорат дар Тоҷикистон ҳамвора интиқод мекарданд.

Аз ҷумла, тибқи пажӯҳиши ахири маҷаллаи “Форбз” (Forbes), Тоҷикистон дар заминаи озодии тиҷорат дар миёни 127 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 123-ро ба худ ихтисос додааст. Ин пажӯҳиш ҳокӣ буд, ки шароити анҷоми тиҷорат дар Тоҷикистон бағоят душвор буда ва давлат дар ин замина маҳдудиятҳои зиёде эҷод кардааст.

Бар асоси арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон шароити сабти номи ширкатҳо ва моликият душвор буда, мизони болои молиёт ва шароити печидаи воридот ва содирот, дарёфти муҷаввиз барои анҷоми умури сохтмонӣ ва набуди амнияти сармоя аз рушди бахши хусусӣ монеъ шудааст. Шӯҳрат Раҳматбоев, муъовини раиси Кумитаи амвол ва сармоягузории давлати Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки сода кардани шароити тиҷорат ва бозаргонӣ ба коҳиши мизони фақр ва ҳалли бахше аз мушкилоти иқтисодӣ дар ин кишвар мусоъидат мекунад.

Вай афзуд, ки ҳоло саҳми бахши хусусӣ дар тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 45 дарсад аст ва давлат дар садад аст то чанд соли дигар ин рақамро то ба 55 дарсад боло бубарад.

Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 135 ҳазор бозаргон ва туҷҷори “инфиродӣ” ва беш аз ёздаҳ ҳазор ширкатҳои хусусӣ сабти ном шудаанд.

Соҳибназарон зимни истиқбол аз роҳандозии низоми “равзанаи воҳид” мегӯянд ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки фасоди густарда дар фаъолияти бахше аз ниҳодҳои давлатӣ метавонад аз иҷрои муассири ин иқдом монеъ шавад.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi