16:28:00 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Тоҷиксодиротбонк" низоми бонкдории исломиро роҳандозӣ мекунад

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чаҳор бонки бузургтарини Тоҷикистон мегӯяд, бонки фаръӣ ё зертобеи худ - “Бонки рушди Тоҷикистонро” ба бонки исломӣ табдил хоҳад дод.

tojiksodirotbonk-7785454788Барои табдили “Бонки рушди Тоҷикистон” ба як бонки сирф исломӣ “Тоҷиксодиротбонк”, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2011 онро харида буд, як нақшаи роҳро ба тасвиб расондааст. Онаҷон Рашидова, муовини раиси “Тоҷиксодиротбонк” рӯзи 22 декабр дар сӯҳбат бо мо декабр гуфт, воқеан онҳо ният доранд усули бонкдории исломиро дар бонки фаръии “Бонки рушди Тоҷикистон” ҷорӣ намоянд.

Вай афзуд: “Дар Тоҷикистон аллакай қонун дар бораи бонкдории исломӣқабул шудааст. Аммо барои ба иҷро даромадани қонун боз санадҳои зерқонунӣ зарур ҳастанд, ки ҳоло дар мо таҳия ва қабул нашудааст. Аммо мо аз матбуоти даврӣ хондем, ки соли 2015 ин санадҳо таҳия ва қабул мешавад ва мо низ имкон пайдо хоҳем кард, ки бонкдории исломиро ҷорӣ кунем”.

Пеш аз ин, Тоҷиддин Пиров, раиси кулли “Тоҷиксодиротбонк” низ дар як матлаб дар рӯзномаи дохилии ин бонк навиштааст, мардуми Тоҷикистон бинобар ақидаҳои мазҳабӣ аз нигоҳдории сармояашон дар бонкҳои маъмулӣ худдорӣ меварзанд. Чунки ба таъкиди Пиров, бонкҳои маъмулӣ бо баҳра ва фоиз қарз медиҳанд ва ин дар ислом рибо дониста мешавад.

Ҷаноби Пиров бо ситоиши усули кори бонкҳои исломӣ гуфтааст, бӯҳрони молиявии соли 2008 собит сохт, ки бонкҳои исломӣ дар қиёс бо бонкҳои маъмулӣ дар баробари бӯҳронҳо устуворанд ва ҳатто дар шароити бӯҳрон низ рушд карданд. Пиров гуфтааст, ки дар садад аст, нахуст фаъолияти бонки фаръиаш “Бонки рушди Тоҷикистон”-ро бо усули бонкдории исломӣ ба роҳ монад ва баъдан “Тоҷиксодиротбонк” низ ба ин усули бонкдорӣ гузарад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, бонкдории исломӣ танҳо барои тоҷироне муфид хоҳад буд, ки амволе барои ба гарав мондан ва гирифтани қарз надоранд. Константин Бондаренко, роҳбари “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” дар ин робита мегӯяд:

Вақте бонки исломӣқарз медиҳад, вай ба бизнеси соҳибкор шарик мешавад ва суде, ки бонк аз ин шарикӣ мебинад, дар аксари маврид аз фоизҳои бонкҳои маъмулӣ камтар нест. Албатта, ин шеваи кор барои он соҳибкороне, ки тоза ба кор шурӯъ кардаанд ва чизе барои гарав мондан надоранд, муфид аст. Аммо барои соҳибкорон ва ширкатҳои таҷрибардор ин усул чандон писанд нахоҳад омад, чунки онҳо намехоҳанд, ки бонк бизнеси онҳоро контрол кунад.”         

Аммо бо назардошти мазҳабӣ ва пойбанд ба аҳкоми шариат будани як тоифа аз соҳибкорони хурду миёна дар кишвар, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, бонки исломӣ дар Тоҷикистон зуд муштарии зиёд пайдо хоҳад кард.

Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкдорӣ, мегӯяд, афроде, ки бо қоидаҳои шариати исломӣ зиндагӣ ва тиҷорат мекунанд, моил ба принсипҳои бонкдории исломӣҳастанд, то ба бонкҳои маъмулӣ. Ин коршиноси тоҷик ба масъалаи бартариҳои низоми бонкдории исломӣҳам таъкид карда, аз ҷумла гуфт: "Хонаводаҳое, ки суннатиянд, пасандози худро дар бонкҳои муқаррарӣ гузоштан намехоҳанд. Дар сурати ба кор шурӯъ кардани чунин бонк, ҳамин афрод ба системаи бонкӣҷалб мешаванд. Чунки  яке аз хосиятҳои аслии бонки исломӣ дар ҳамин аст, ки дар ин ҷо баҳра нест”.

Азбаски «баҳра» дар бонкҳои исломӣ амали нораво дониста мешавад, бинобар ин бонк низ ҳамеша шавқманди фоида дидани шарики кораш аст. Дар низоми бонкдории муқаррарӣ ё аврупоӣ бошад, баръакс дар ҳар сурат риск пурра бар дӯши соҳибкор аст, ки бояд баҳраи бонкро пардохт кунад. Ҳатто дар сурати муфлис ё банкрот шудани соҳибкор ё нафари қарзгиранда, моликияти он ба монанди хона, мошин ва ғайра ба суди бонк ситонида  мешавад.

Аммо ин дар ҳолест ки тибқи талаботи бонкдории исломӣ, агар нафаре хоҳад, пасандози худро дар бонк гузорад ва бонк ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шуда, имкони бозпас додани пасандози муштарии худро надошта бошад, мизоҷ низ дар шикастҳои бонк шарик мешавад ва ҳаққи даъвои бозпас гирифтани пасандозашро надорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi