02:50:53 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ширкати "Умед-88": Мақсади фаъолият - нафъи ҷомеаву миллат

Ширкати "Умед-88" тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику шодбошӣ намуда, ба хонадони эшон файзу баракати бепоёнро таманно менамояд.

umed-88 2013

Бигзор дастархони Шумо ҳамеша пурнозу неъмат ва дар хонадонатон тинҷиву амонӣ бошад. Фаъолияти мо баҳри болидагии хотири Шумост!!! "Умед-88" ҳамеша мекӯшад, то ба Шумо - мардуми азизи Тоҷикистон нафъе расонида бошад. Иди Шарифи Рамазон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,

Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт…

Дар марҳилаи кунунии Тоҷикистон, ки иқтисоди кишвар рӯ ба рушд аст, бояд ширкатҳои ватанӣ фаъолияти худро ба нафъи мардум ва пешрафту нумуи давлату миллат ба роҳ монанд, на ин ки фаъолияти онҳо танҳо барои ба даст овардани фоидаи молӣ ва пур кардани буҷаи ширкат бошад.

Албатта, ғанӣ гардидани буҷаи ҳар ширкат, ин кафолати пешрафт ва рӯйи даст гирифтани амалиёти густардатар хоҳад буд, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳадафи аслии ҳама гуна корхонаву ширкат дар замони муосир бояд саҳм гузоштан ба рушди ҳарчӣ бештари давлату миллат ва ба нафъи халқи азизи Тоҷикистон равона гардад.

Агар ширкатҳои ватанӣ нафъи халқу миллатро мақсади аслии худ ҳисобида, фаъолияти худро дар ҳамин замина роҳандозӣ кунанд, дар ин ҳол ҳам ба худ, ҳам ба мардум ва ҳам ба давлат аз ҷониби онҳо фоидаи бештар расида, бо ин амал ширкат дар рушди иқтисоди кишвар ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум саҳм хоҳад гузошт.

Ва расонаҳои давлативу хусусӣ ҳам бояд корхонаву ширкатҳоеро, ки даст ба иқдомҳое ба нафъи мардум мезананд, таблиғ намуда, ба ин васила агарчӣ танҳо бо сухан ҳам бошад, фаъолияти онҳоро эътироф ва дигар ширкату корхонаҳоро низ ба ин гуна иқдомот даъват намоянд.

"Умед-88", ширкати воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон яке аз ҳамин гуна ширкатҳои миллиест, ки ба андозаи имконоташ мекӯшад то ба ҳар васила фоидае барои мардуми кишвар расонида бошад.

Бубинед, ширкати "Умед-88" имрӯз дар Тоҷикистон ягона ниҳоде мебошад, ки дар рӯзҳои ҷумъа ва ҷашнҳои миллӣ нархи маводи сӯхтро, нисбат ба дигар рӯзҳо арзонтар мекунад.

Албатта, ин иқдоми кӯчак аст, аммо василаи хубест барои нафъ расонидан ба мардуми кишвар. Агар ҳама ширкатҳои мо дар самти фаъолияти худ даст ба ҳамин гуна иқдомҳои оқилонаву дурбинона зананд, ин худ гузоштани як қадами устувор сӯйи пешрафту шукуфоии ватан хоҳад буд. Зеро набояд фаромӯш кард, ки сабук кардани нарх барои мардум ва бо ин васила ба буҷаи оилаи онҳо нафъ расонидан худ як иқдоми дурбинона баҳри пешрафти кишвар ва рушди иқтисоди миллист.

Самад, як ронандаи мошини таксӣ, ки аз рӯйи гуфти худаш муштарии доимии ширкати "Умед-88" аст, дар суҳбат ба хабарнигори "Рӯзгор" гуфт: "Ман ҳар рӯз ба мошинам аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкати "Умед-88" бензин мерезам. Медонед барои чӣ, барои он ки аввалан бензини ширкат сифати хуб дорад, ягон бор нашудааст, ки аз рӯйи бензини онҳо ба мошини ман мушкиле пеш омада бошад. "Умед-88" ҳамеша бензини босифатро ба кишвар ворид мекунад. Сониян, сатҳи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин ширкат хеле баланд аст.

Дар мавриди тахфифи рӯзҳои ҷумъаву дигар ҷашнҳо ҳамсуҳбати мо гуфт: "Бояд тамоми соҳибкорон ва ширкатҳои кишвар ҳамин гуна дар бораи мардум ҳам фикр кунанд. Шумо тасаввур кунед, "Умед-88" бензинро тахфиф мекунад, агар як ширкат нархи хурокаро ҳамин гуна арзонтар кунад, ширкати дигар масалан, арзиши алоқаҳои мобилиро ва ҳамин гуна ҳар ширкат дар самти фаъолияти худ на танҳо дар бораи нафъи худ, балки дар бораи мардум ҳам андеша намояд, он гоҳ сатҳи зиндагӣ ҳам хеле боло меравад. Масалан, ман рӯзҳои ҷумъа ба мошинам бензини бештар мерезам, зеро медонам ки ин ба нафъи буҷаи оилаи ман аст"…

Масъулони ширкати "Умед-88" мегӯянд, ин таҷрибаро аслан аз кишварҳои Аврупо андӯхтаанд ва чанд муддат аст, ки дар ҳамаи идҳои миллӣ ва ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа то чанд дарсади нархи маводи сӯхтро арзонтар ба фурӯш мегузоранд. Бо ин иқдом онҳо мехоҳанд нахустин шуда ҳамин гуна як таҷрибаро густариш диҳанд, зеро ин фарҳанги тиҷорат аст ва агар ҳама инро дастгирӣ кунад, ба манфиати ҷомеа мебошад". Ба гуфти онҳо мусулмони ҳақиқӣ бояд барои хурсанд намудани бародари муъмин тамоми чораҳоро бинад ва арзон намудани нарх дар рӯзҳои иди давлатӣ ва рӯзи ҷумъа ин як навъ болидахотир намудани мардум ва овардани сабукӣ ба буҷаи оилаи онҳо мебошад. Аслан, дар кишварҳои Аврупо ва Амрико мо шоҳиди он мегардем, ки дар рӯзи идҳояшон дар тамои мағозаҳо тахфиф (арзоншавӣ) эълон карда мешавад. Дар мамлакатҳои араб бошад, ба хотири идҳо ва моҳи шарифи рамазон тахфиф ва иқдомҳои хайриявӣ эълон карда мешавад. Дар тӯли соҳибихтиёрии кишвар, мо надидем, ки соҳибкоре ба ин иқдоми нек даст зада бошад. Аз ин рӯ, мо хостем аввалин шуда ин қолабро шиканем ва дар ободонии кишвар, таъминоти иҷтимоии мардум саҳмгузор бошем. Воқеан иқдоми ҷолибу накӯ. Бояд ин гуна иқдоми ширкати "Умед-88" барои дигар ширкатҳои ватанӣ ҳам намунаи ибрат бошад, зеро беҳуда нагуфтаанд, ки "дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст"…

Аммо танҳо бо тахфифи арзиши сӯзишворӣ фаъолияти хайрхоҳонаву дурбинонаи ширкати "Умед-88" иктифо намешавад. Ширкати таъминкунандаи маводи сӯхт- "Умед-88" дар оғози моҳи мубораки Рамазон тақвимҳои рамазониро мунташир карда, ин тақвимҳо, ки бо коғази ранга ба табъ расидаанд, дар назди нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти ширкат ба мардум ҳадя карда шуданд.

Дар ин тақвим оятҳои Қуръон, ҳадис, нияти рӯза, дуъои ифтор, тасбеҳи таровеҳ ва қарори Шӯрои уламо нисбати закот дарҷ гардидааст.

Ҳамчунин, ширкати "Умед-88" тайи чанд соли охир аз ҳисоби даромадҳои молиявии худ хатнасури кӯдакони зиёдеро аз оилаҳои камбизоат гузаронидааст, барои зарардидагони офати табиии чанд сол пеш дар минтақаи Кӯлоб рух дода хонаҳои истиқоматӣ бино кардааст.

Сарвари ширкати "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев, ба толибилмони вилояти Хатлон 10 000 нусха беҳтарин дафтарҳои дарсиро тақдим намуд. Ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас беҳтарин ғамхорӣ барои ояндаи миллат аст, Ин масъала ҳамеша дар мадди назари раҳбарияти "Умед-88" аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi