17:43:43 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Андозсупорандагон то кай аробаи Вазорати кишоварзиро мекашанд?

Дар Тоҷикистон, яке аз ниҳодҳое, ки самараи фаъолияташ назаррас несту аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад ва бори зиёдатӣ бар гардани андозсупорандаҳо арзёбӣ мешавад, Вазорати кишоварзӣ мебошад.

vazorati-kishovarzi 2013Қаблан Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон ва яке аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ барои мукаммалияту маҳсулнокии  идораи давлатӣ дар кишвар қисме аз вазоратҳоро лоиқи ихтисор ва бори зиёдатӣ ба дӯши буҷет гуфта буд: «Хароҷоти вазоратҳо аз ҳисоби буҷет аст. Ҳатмӣ нест, ки дар Тоҷикистон миқдори мавҷудаи вазоратҳо фаъолият намоянд. Дар Ҷопон ба ҳамон қадар бузургиаш ҳамагӣ 11 вазорат аст. Дар мо ба 14 адад мерасанд».

Ба гуфтаи Шабдолов ба истиснои вазоратҳои калидӣ, аз қабили корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ ва чандтои дигар боқимондаро имкон дорад ба шакли корпоратсия гузаронем: «Корпоратсия ин яъне хароҷоташ аз ҳисоби буҷет нест. Худаш сарфу дахлашро мебинад, масъалаи кадрҳоро ҳал мекунад, даромад мегирад ва ҳатман, ки ба буҷет маблағ ворид менамояд».

Шабдолов таъкид намуда буд, ки дар Тоҷикистон ду сохторе мавҷуданд, ки онҳоро метавон осон ба корпоратсия табдил дод: «Имкон дорад, сохтори барқи тоҷик ба корпоратсия табдил ёбад. Аз буҷети давлатӣ равона намудани маблағ ба ин сохтор ҳоҷат намемонад. Дуюм сохтор, ки имкони созмони корпоратсияро дорад, ин агросаноатӣ аст. Айни ҳол ба ин бахш аз ҳисоби буҷет маблағ равона мешавад».

Дар ҳамин ҳол масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳам эътироф мекунанд, ки замоне расидааст, ки идораи бахши кишоварзӣ дар кишвар бояд ҳар чӣ зудтар таҷдид шавад. Аммо онҳо нияти аз души буҷет гирифтани вазорат  ба дасти худ гирифтани дахлу харҷи ин ниҳодро надоранд.

Суюнхон Рустамов, муовини якуми вазири кишоварзӣ, зимни нишастӣ хабарӣ дар Душанбе иброз дошт, ки ислоҳоти идоракунии вазорат аз соли 2012 то 2016-ро дар бар мегирад ва дар назар аст, ки дар пайи ислоҳоти ин соҳа вазорат аз як ниҳоди назораткунанда, ба маслиҳатдиҳанда барои рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил хоҳад ёфт.

Номбурда қайд намуд, ки агар ин ислоҳот дар солҳои наздик анҷом наёбад, ба рушди соҳаи кишоварзӣ халал мерасонад: «Чунки ислоҳоти замин дар кишвар ба анҷом расонида шудааст ва дар ҷумҳурии мо якчанд намуди хоҷагидорӣ пайдо шудааст. Дар натиҷа ҳоло 120 ҳазор  хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст. Талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба хоҷагидорӣ низ дигар шудааст ва аз ин лиҳоз гузаронидани идоракунии ислоҳоти кишоварзӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра мебошад.»

Ба қавли Суюнхон Рустамов тибқи ин ислоҳот вазифаи Вазорати кишоварзӣ додани маслиҳатҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ мешавад. Ӯ шарҳ дод, ки маслиҳатдиҳӣ асосан дар сатҳи ҷамоатҳо амалӣ мешавад: “Айни ҳол роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз соҳаи кишоварзӣ дур буда, аксарияташон намояндагони соҳаҳои тандурустиву маориф мебошанд. Вазорати кишоварзӣ дар сатҳи миллӣ ҳамчун мақомоти иҷрокунанда мебошад. Дар сатҳи вилоятҳо сарраёсатҳои кишоварзӣ, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо раёсатҳои кишоварзӣ аст, ки мутаассифона маблағгузории ин се мақомот, ки ҳар сеяш зертобеи вазоратанд, аз 3 сатҳи буҷетӣ сурат мегирад. Яъне вазорат аз буҷети ҷумҳуриявӣ, сарраёсатҳои вилоятӣ аз буҷети вилоятҳо ва раёсатҳо аз буҷети шаҳру ноҳия маблағгузорӣ мешаванд, ки тибқи ислоҳот дар ин самт низ тағйриот ба миён меояд».

Муовини якуми вазири кишоварзӣ илова намуд, ки тибқи ислоҳоти нави идоракунӣ бояд идоракунии вертикалӣҷорӣ шавад ва маблағгузории ҳар яки онҳо мутамарказ бояд шаванд ва аз буҷети ҷумҳуривӣ маблағузорӣ хоҳанд шуд.

Суюнхон Рустамов мегӯяд, соли равон ду лоиҳаи қарор аз ҷониби вазорат барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст, ки тибқи қарори якум 4 ташкилоти зертобеи вазорат якҷоя шуда, аз ин як корхона дар самти зотпарварӣ таъсис дода мешавад ва ҳамчунин 2 корхонаи воҳиди давлатии зертобеи вазорат барои бесамаранокияшон барҳам дода мешавад.

Алишер Зарифӣ, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi