22:57:21 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2042 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Бозори Тоҷикистонро "моли Хитой" зер кардааст

Иқтисоддонҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон як фарҳанги манфии "кишвари истеъмолкунанда" шакл гирифтааст ва ин кишвар аз меху сӯзан то мошину ҳавопайморо аз хориҷ ворид мекунад. Омори расмӣ мегӯяд, дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти Тоҷикистон 534 миллион ва аммо ҳаҷми воридот ба кишвар 1,6 миллиард долларро ташкил додааст. Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, 211 миллион ё қариб 40 дарсади содироти Тоҷикистон ба Туркия ва 14,6 дарсадаш ба Эрон сурат гирифтааст.

bozor 20062013Чун дар солҳои қабл алюминий ва нахи пахта ду маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Ин кишвар ба хориҷ як миқдор фулузоти ранга ва меваи хушк ҳам мефурӯшад. Аммо  дар айни замон, бино ба ҳисобҳо, беш аз 90 дарсади мол дар бозорҳои Тоҷикистонро молҳои содиротӣ, умдатан аз Чину Эрон ва Туркия  ташкил медиҳанд. Тоҷикистон ҳамин тавр, 70 дарсади ниёзаш ба орду гандумро аз ҳисоби содироти он аз Қазоқистон ва беш аз 90 дарсади эҳтиёҷаш ба маводи сӯхтро низ аз ҳисоби воридот пур мекунад.

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон як фарҳанги ба сурати умум манфии “кишвари истеъмолкунанда” шакл гирифтааст, ки дигар тамоми маҳсулоти мавриди ниёзаш – аз меху донаи офтобпараст то мошину дастгоҳи таҷҳизотро аз хориҷ харидорӣ мекунад. Иқтисоддонҳо ин тамоюлро барои иқтисоди миллӣ шикастовар меноманд.

Мақомот мегӯянд, чунин сурати ногувори иқтисоди кунунии Тоҷикистон як навъ “мева”-и ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 аст, ки як иқтисоди шикастаеро барои кишвар ба мерос гузошт. Аз тарафи дигар, дар ин муддат зербинои фаннии корхонаҳо, ки асосан маҳсули замони Шӯравӣ буданд, аз нигоҳи замонӣ хеле кӯҳнаву фарсуда шуданд ва дигар тавони тавлиди молеро ки дар бозор рақобат карда тавонад, надоранд.

Иқтисоддонҳо ҳамин тавр, ба як омили дигар – наздикии Чин, ки “фабрикаи ҷаҳонӣ”-и арзонтарин маҳсулот таъриф мешавад, низ ишора мекунанд ва мегӯянд, корхонаҳои Тоҷикистон ба маҳзи набуди шароити боимтиёз ва фишори ниҳодҳои сершумори назоратӣ ва андозу молиёти баланд дигар қодир ба тавлиду ба бозор баровардани моле ки аз фаровардаҳои Чин арзонтар тамом шавад, нестанд.

Ба бовари онҳо, чанд омил метавонад дар оянда ин фарҳанги шаклгирифтаи “кишвари истеъмолкунанда”-ро дар Тоҷикистон ба фарҳанги “кишвари истеҳсолкунанда” иваз кунад. Онҳо аз ҷумла коҳиши қобили мулоҳизаи ҳам миқдор ва ҳам ҳаҷми андоз, эҷоди шароити баробар ва боимтиёз барои ҳамаи корхонаҳову ширкатҳо, бахусус дар роҳи ворид кардани таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ва як миқдор чораҳои демпингӣ барои ҳимоят аз тавлидкунандагони ватаниро пешниҳод мекунанд. Албатта, дар чаҳорчӯби муқаррароте, ки Тоҷикистон ба унвони узви нави Созмони ҷаҳонии тиҷорат бояд риоят кунад.

Аммо дар ҳоли ҳозир, чӣ иқтисоддонҳо, чӣ мақомот ва чӣ мардуми оддӣ дар Тоҷикистон ҳама эътироф мекунанд, ки бозори Тоҷикистонро "моли Хитой" зер кардааст ва дар миёни ин анбӯҳи молҳои хориҷӣ пайдо кардани як моли ватанӣ мисли ҷустани сӯзан дар ғарами коҳ аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi