01:57:28 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Болоравии нархи тамосҳои телефонӣ чи таъсире ба буҷаи мардум дорад?

Аз 1-уми июни соли равон дар Тоҷикистон арзиши тамосҳои телефонӣ дар пайи гузаштан ба пули миллӣ боло рафт. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон иброз намудаанд, ки тибқи дастури Хадамоти алоқаи кишвар  ҳамаи тарофаҳои алоқаи мобилӣ ба пули миллӣ мегузаранд ва ҳар дақиқаи суҳбате, ки қаблан 1 сент нарх дошт, акнун 6 дирам меистад. Бо таваҷҷӯҳ ба афзоиш ёфтани нархи гуфтугӯҳои телефонӣӯзгор" тасмим гирифт бо чанд тан аз соҳибназарон ҳамсуҳбат шавад.

hero-05062013Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати "Вавилон"

- Аслан низоми нав ва ё меъёри ҳисобу китоби нав бояд ба муштариён ҳеҷ таъсири манфие нарасонад. Зеро дар нарху навои хизматрасониҳо ҳеҷ тағйироте ба амал наомадааст. Тағйирот танҳо дар шакли ҳисоб эҳсос мешавад. Яъне агар то ба имрӯз ҳисобу китоб бо доллар сурат мегирифт, аз ин ба баъд бо сомонӣ сурат мегирад.

Масалан, агар арзиши хизматрасонӣ як доллар бошад, минбаъд барои он аз муштарӣ 4 сомониву 86 дирам ситонида мешавад. Яъне ҳисобу китоб тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Барои муштарӣ низ минбаъд ҳисобу китоб ва назорати маблағи гузаронидашуда осонтар мешавад.

Бархе бар он андешаанд, ки дар оянда бо тағйир ёфтани қурби асъор арзиши хизматрасониҳо низ тағйир меёбад, вале ин тавр нест. Минбаъд новобаста аз болоравӣ ва ё поёнравии қурби доллар арзиши хизматрасонӣ тағйир намеёбад ва дар ҳамон шакле, ки аз якуми июн муайян карда шуд, боқӣ мемонад.

Асомиддин Рамазонӣ, муштарӣ

Ростӣ, ман хамчун як истифодабарандаи телефони мобилӣ ҳаминро гуфтаниям, ки имрӯзҳо ширкатҳои мобилӣ бо зиёд шудани муштариёнашон иқдомҳоеро пеш гирфта истодаанд, ки зарба ба буҷаи мардум, зарба ба буҷаи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ аст. Ба чунин низом гузаштани ширкатҳои мобилӣ ба ҳар як муштарии онҳо бе таъсир буда наметавонанд.

Ман аз хизматрасониҳои ширкати"Вавилон" истифода мебарам ва чанд рӯз қабл пайёмаке дар ин маврид омада буд ва ҳамон замон гуфтам, ки аз ин танҳо муштариён зарар мебинанд. Ҳоло баъзеҳо мегӯянд, ҳамагӣ чанд дирам нисбат ба низоми аввала фарқ дорад, ки таъсираш он қадар зиёд эҳсос намешавад, аммо дар шарити имрӯзаи Тоҷикистон, ки иқтисодамон рушд накардааст, ҳаминро гуфтаниям, ки таъсири ин тағйротро ҳар як муштарӣ хуб эҳсос мекунад.

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ

Гузаштан ба низоми нав ба буҷаи муштариён таъсир дорад, аммо таъсираш он қадар зиёд нест. Чунки агар мо ба сомонӣ ҳам гузарем қурби ҳамон шабу рӯзаи доллар ҳисоб карда мешавад. Вале барои худи ширкат-ҳо шояд як сабукие дошта бошанд. Сабукӣ дар хусуси ҳисобу китоби молиёташон. Бояд зикр намоям, ки тибқи қонунгузории кишвар ҳам дар Тоҷикистон ҳама доду гирифтҳо бояд бо пули миллӣ сурат гирад. Ба сомонӣ гузаштан эҳтимол аст, ки худи ширкатҳо фоида ба даст меоранд ва шояд ба ҳамин хотир ин иқдомро пеш гирифтанд.

Абдулло Ашӯров, хабарнигор

Гузариши сартосарии ширкатҳои мобилӣ ба пули миллии сомонӣ арзиши зангҳои телефонҳои мобилро каме боло мебарад. Ба чи далел? Барои он ки аксарияти саҳҳомон ва моликони ширкатҳои мобилӣ хориҷӣ ҳастанд ва онҳо фоидаи софи хешро хамеша бо доллар баргардон мекунанд (конвертатсия). Бинобар ин барои онҳо бевосита бо доллар кор кардан қулайтар буд. Ҳамакнун, ки онҳо пули сомониро на ҳамавақт бо арзи эълондоштаи Бонки миллӣ метавонанд баргардонанд, бинобар ин онҳо нархи хадамоти худро, тарофаҳоро боло мебардоранд, то ин ки ҳамон фарқияти асъориеро, ки дар бозори реалии асъор ҳаст, ҷуброн кунанд. Албатта ин ба ҷайби мардуми оддӣ, муштариён зарба мезанад. Чунки алоқаи мобилӣ воқеан мардумӣ аст ва ҳар хонадон аз ин хадамот истифода мекунад.

Абдуғаффор Қурбонов, сардори Хадамоти матбуотии  Бонки миллии Тоҷикистон

Барои муштариён бо пули миллӣ ифода ёфтани тарифҳо ва бақияи маблағҳо таъсири тағийрёбии қурби асъорро аз байн бурда, ба соддатар шудани муҳосибаи хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ мусоидат менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон иқдоми ширкатҳои мобилиро истиқбол ва дастгирӣ намуда, аз тамоми воҳидҳои хоҷагидорӣ, масъулони мақомоту идораҳо ва шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи асъори хориҷӣ талаботи қонунгузориро риоя кунанд ва эҳтироми пули миллиро, ки яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад, дар мадди аввал гузоранд.

Ҳафтаи гузашта ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва бевосита ба муштариёни худ эълон карданд, ки аз 1 июни соли равон нархгузории хизматрасонии худро бо пули миллӣ анҷом хоҳанд дод.

Ин тасмими ширкатҳои мобилӣҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузорӣ гирифта шудааст, ки тибқи онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нишон додани тамоми нархномаҳо, тарифҳо ва воҳидҳо бо асъори хориҷӣ ё воҳидҳои шартӣ қатъиян мамнуъ буда, бояд танҳо бо сомонӣ ифода ёбанд.

Ин қадам яке аз чораҳои нав-батие мебошад, ки дар маҷмӯъ барои таъмин намудани мақоми истисноии пули миллӣ дар ҷомеъа равона шудааст.

Таҳияи Алишер Зарифӣ, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi