18:34:07 01-уми Июни 2025 сол

ЧАРО ФАРМОНИ №1313-И ПРЕЗИДЕНТ ИҶРО НАШУД?

Вазорати молия мегӯяд, кормандони бисёре аз муассисаҳо маоши худро ба он ҳадде, ки дар фармони президент таъкид шуда буд, нагирифтаанд. Бисёре аз кормандони буҷавӣ дар тамос бо мо гуфтанд, маошашон аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба он ҳадде ки президент ваъда дода буд, афзоиш наёфтааст.

/images/stories/2012/11/01_ministerstvo-011112.jpgЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи августи соли ҷорӣ таҳти рақами №1313 фармон содир кард, ки бар асоси банди аввали он аз 1-уми сентябри соли 2012 ҳаҷми ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 2,5 баробар зиёд шуда, аз 80 ба 200 сомонӣ расонда шавад. Яъне, дар ҳамаи корхонаву муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди  моҳонаи кормандон набояд аз 200 сомонӣ кам мешуд.

Ин дар ҳолест, ки Саида Гулҷонова -- як корманди хона-интернати шаҳри Душанбе ба мо гуфт, аз фармони президент се моҳ мегузарад, вале музди кориашро боло набурдаанд ва дар ҳаҷми пешина боқӣ мондаст. Вай, ки соҳиби 4 фарзанд аст, ҳаҷми маошашро дар хона-интернат 70 сомонӣ гуфт.

Як мутахассиси Вазорати молия тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат тайи ин чанд моҳ аксари муассисаҳо моҳонаи худро ба андозае, ки аз фармони президент бармеояд, дастрас накардаанд. Вай дар ин маврид муҳосибот ё бухгалтерияи вазоратҳоро  муассисаҳоро айбдор кард, ки то ҳол феҳристи кормандони худро мутобиқ ба андозаи изофаи моҳона ба Вазорати молия пешниҳод накардаанд.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, Вазорати молия танҳо пас аз дақиқ шудани феҳристи кормандон метавонад аз буҷа маблағро ҷудо намояд. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, шояд дар моҳи январи соли 2013 кормандони муассисаҳо ва идораҳо бо изофаи ҳаҷми ваъдашуда  моҳонаи худро дарёфт кунанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854