02:23:13 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАВОРИ ЧИГУНА ОТАШ ГИРИФТАНИ БОЗОРИ "КОРВОН" НАШР ШУД

Дар ин навор, ки иддао мешавад, аз "Корвон" аст, як зан бо либоси сиёҳ гӯшае аз бозори яклухтфурӯширо оташ медиҳад.

/images/stories/2012/09/15_bozori-korvon-150912.jpgДар шабакаи Интернет наворе пайдо шудааст, ки ба иддаои гузорандагонаш чигуна оташ гирифтани қисмати яклухтфурӯшии бозори "Корвон" дар Душанберо намоиш медиҳад. Ин навор, ки дар торнамои Топвидео пайдо шуд, зоҳиран аз дурбинҳои назоратии бозор гирифта шудааст. Вале то ҳол мақомот дар бораи дурустӣ ё сохта будани ин навор изҳори назаре накардаанд.

Дар ин видео, ки иддао мешавад, аз "Корвон" аст, дида мешавад, як зан бо либоси сиёҳ як гӯшаи бозорро оташ мезанад. Вале ин навор дар ҳоле дастраси расонаҳову сокинон шуда, ки аз оташсӯзии бузургтарин бозори Душанбе даҳ рӯз сипарӣ шуда, вале то кунун омилони сӯхтор мушаххас нашудааст.

Ахиран Нуршед Машрабов, молики бозори "Корвон" ҳам эълом кард, барои онҳое, ки омилони оташсӯзии бозорро фош мекунанд, ҳамчун ҷоиза 150 ҳазор сомонӣ, муодили каме бештар аз 30 ҳазор доллар, тақдим хоҳад кард.

Шоми панҷуми сентябри соли ҷорӣ "Корвон" - яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон дар коми оташ рафт, ки бар асари он садҳо дӯкон ба хокистар мубаддал шуданд ва ба тоҷирон миллионҳо сомонӣ зиён ворид шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи шашуми сентябр бо пахши баёнияи расмии худ гуфт, "дар натиҷаи сӯхтор бозори савдои яклухтфурӯшӣ (оптовый)-и "Корвон" дар масоҳати зиёда аз 5000 метри мураббаъ нобуд гардид."

Сӯхтори бозори "Корвон" хашми тоҷиронро ба бор овард ва онҳо дар як тазоҳуроти густурда аз мақомот хостанд, ки иллати оташсӯзиро барояшон шарҳ диҳнад. Дар натиҷа, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ба назди тазоҳургарон рафт ва гуфт, ин ҳодиса таҳқиқ ва онҳое, ки дар ин кор даст доранд, муҷозот хоҳанд шуд.

Субҳи рӯзи 7-уми сентябр комиссияи махсуси иборат аз кормандони ВКД ва Додситонии кул ба таҳқиқи иллатҳои сӯхтор ва хисороти сӯхтор дар бозори "Корвон" оғоз карданд. Бо ин вуҷуд, то кунун сабаби аслии сар задани сӯхтор дар бозори "Корвон" расман аз сӯи мақомот баён нашудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi