11:13:33 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"ПИСАРИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ ДАР ҲОЛАТИ КОМА ДАРГУЗАШТ"

Хабари ин ки гӯиё Темур Сафаров, писари муовини раиси ҲХДТ, бо иштибоҳи табибон даргузаштааст, рад шуд. Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон ин хабарро, ки гӯиё Темур Сафаров, писари Сафар Сафаров, муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), бо айби пизишкон фавтида бошад, рад карданд. Ба қавли манобеи тиббӣ, "пизишкон ҳама чораро андешиданд, то ӯ шифо ёбад."

/images/stories/2012/09/14_qarabolo-140912.jpgТемур Сафарови чилсола, писари ягонаи Сафар Сафаров, рӯзи ҷумъаи 14-уми сентябр ба хок супорида шуд. Чанд лаҳза пас аз намози ҷанозаи ӯ дар шабакаи Фейсбук хабаре аз қавли пайвандонаш нашр шуд, ки гӯиё ӯ бар асари нодуруст сузандорӯ гузарондани пизишкон фавтида бошад. Аммо Хайрулло Шарифов, муовини сардухтури Маркази миллии тиббӣ, мавсум ба  Қарияи Боло, дар сӯҳбат бо мо ин хабарро "дурӯғи маҳз" донист.

Ӯ гуфт, Темур Сафаров аз 5-ум то 14-уми сентябр дар ҳолати "кома" ё беҳушӣ қарор дошт ва бо вуҷуди талоши мутахассисони варзидаи кишвар, даргузашт. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди Шарифов, "бемор Темур Сафаров зери назари бевоситаи профессор Раҳматулло Раҳмонов, мудири кафедраи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, аз донишмандони варзидаи кишвар қарор дошт ва муддати дар бемористон қарор доштан, беҳтарин мутаххасисон ва донишмандони соҳаи тиб ӯро муроқибат карданд."

Муовини сардухтури бемористони Қарияи Боло афзуд, "профессор Раҳматулло Раҳмонов, ки аз пайвандони Сафар Сафаров аст ва ҳама масъулону мутахассисони соҳаи беҳдоштии Тоҷикистон ба шифо ёфтани писари ин шахс манфиатдор буданд. Вазифаи пизишк кӯмак ба бемор аст, новобаста ба он ки вай кист."

Дар зимн, масъулони Маркази миллии тиббӣ мегӯянд, ташхис собит кардааст, ки Темур Сафаров ба бемории шуш, фишор ва гепатити токсикӣ гирифтор буд, ки дар натиҷаи хуруҷ кардани ин бемориҳо, вай ба ҳолати кома ё беҳушӣ афтод. Темур Сафарови 40-сола дар бемористони Қарияи Боло даргузашт ва маросими ҷанозаи ӯ рӯзи 14-уми сентябр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi