15:14:48 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

"МӮҲЛАТИ ҚАРЗИ ТОҶИРОНИ "КОРВОН"-РО ТАМДИД МЕКУНЕМ"

Бонки Миллӣ ба баррасии шеваи тамдид ё дароз кардани мӯҳлати қарзи осебдидагони сӯхтор дар "Корвон" пардохтааст.

/images/stories/2012/09/06_bonki-milli-060912.jpgҶамшед Юсуфиён, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе, 6-уми сентябр, дар сӯҳбати ихтисосӣ ба мо гуфт, ба онҳо дастур шудааст, ки масъалаи бозгардонии қарзҳои соҳибкорони бозори "Корвон"-ро баррасӣ кунанд.

Ҷаноби Юсуфиён афзуд, дар ҳоли ҳозир онҳо ба тартиб додани феҳристи соҳибкорони "Корвон" машғуланд ва дар ин роҳ ба онҳо масъулони бозор кӯмак мекунанд. Дар қадами дувум, ба қавли муовини аввали раиси Бонки Миллӣ, онҳо вазъи қарздорон ва ба кадом бонк тааллуқ доштани қарзи онҳоро баррасӣ намуда, ба бонки дахлдор муроҷиат хоҳанд кард, ки ду маротиба мӯҳлати баргардонии қарзи онҳоро дарозтар намояд.

Дар расидагӣ ба ин суол, ки оё бонкҳои хусусӣ ин дастури Бонки Миллиро ба инобат хоҳанд гирифт ё на, ҷаноби Юсуфиён гуфт, "онҳо ҳаққи сарпечӣ доранд, вале вазъи ба амаломада бар асари сӯхтори "Корвон" водор мекунад, ки дар ин масъала бархӯрди нек дошта бошанд. "

"Чунин фалокатҳо дар ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш меояд ва ниҳодҳои масъул, аз ҷумла бонкҳои хусусӣ ва ғайрихусусӣ муносибати нек нишон медиҳанд",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Ҷамшеди Юсуфиён, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, дар мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бо осебдидагони сӯхтор дар бозори "Корвон" иштирок дошт, ки дар он ҷо шаҳрдор ваъда дод, мӯҳлати бозгардонии қарзи соҳибкорон тамдид ё дароз карда хоҳад шуд.

То кунун зиёни расида ба соҳибкорони бозори "Корвон" дар пайи сӯхтори шоми 5-уми сентябр расман ҳисоб нашудааст. Вале гуфта мешавад, аксари тоҷирони  ин бозор молу колои худро аз даст додаанд, ки бештари онҳо бар ивази қарзи бонкҳо ба даст омада буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi