18:33:05 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚАТЛИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲОДИСАИ ГАРАВГОНГИРИИ ПЕРМ

Дар ҷараёни амалиёти раҳоии як гаравгон дар шаҳри Перм, шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Миёна аз тири пулис ба қатл расидааст.

/images/stories/2012/09/01_poolice-moscow-010912.jpgДар матбуоти Русия аз ин шахс шаҳрванди Тоҷикистон ном бурдаанд ва аз қавли пулиси маҳаллӣ навиштаанд, ки гӯё ин марди 38 сола бо номи Михаил ба хонуми ҳамзисташ таҳдиди куштан кардааст. Онҳо бо ҳам 10 сол ҳамзистӣ кардаанд ва аз ин никоҳи ғайрирасмӣ 2 фарзанд ҳам доштанд.

Моҷарои ин зану шавҳари ғайрирасмӣ гӯё барои тамдиди мӯҳлати иқомати шавҳар рух додааст. Зан аз тамдиди мӯҳлати зист даст кашидааст ва шавҳар вайро гаравгон гирифтааст ва таҳдид кардааст, ки мекушад.

Бино ба хабари матбуоти Русия, нируҳои вижа аз хонаи рӯ ба рӯ, ҷараёни пешомадро зери назорат гирифтаанд. Мард ба занаш мӯҳлат додааст, ки ба дархосташ посухи мусбат диҳад, вале мӯҳлат ба поён расидааст ва вай бо корд ба занаш ҳамла кардааст то вайро ба қатл расонад. Аммо дар ин ҳангом нишонзане аз хонаи рӯ ба рӯ мардро ҳадафи тир қарор медиҳад. Ҳангоми интиқол ба бемористон ин мард аз захми тир ҷон додааст. Зан ва ду кӯдакаш осеб надидаанд.

Дар як мусоҳиба бо мо Раҳматуллоҳ Мазориев-яке аз фаъолони ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Перм навиштаи матбуоти Русияро таъйид накард ва гуфт:

Мазориев: Мувофиқи маълумоте, ки ман аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба даст овардам, онҳо ин кушторро тасдиқ мекунанд, аммо ин шахси кушташуда, ки дар шиноснома миллаташ узбак навишта шудааст, маълум нест, ки аз узбакҳои шаҳрванди Тоҷикистон аст ё Узбакистон. Ба суоли ман дар ин бора кормандони пулис маълумот надоданд.

-Вале тибқи маълумоте, ки шумо ба даст овардед, ин куштор чӣ тарз рух додааст ва чӣ кор сабаби куштори ин шаҳрванд шудааст?

-Онҳо бо ҳам солҳои зиёд ҳамзистӣ доштаанд, ба қавли мардуми рус онҳо ақди никоҳи шаҳрвандӣ ё “гражданский брак” доштаанд ва аз якдигар соҳиби фарзанд ҳам будаанд. Пештар ҳар вақт ба шавҳараш муваққатан як сол-ду сол ё камтару бештар аз ин ҳақи иқомат дар хонааш медодааст.

Вале мард хоҳиш кардааст, ки вайро ба таври доимӣ ҳақи иқомат диҳад. Зан розӣ нашудааст ва шояд фикр кардааст, ки замоне шавҳараш даъвои хона мекунад. Дар шаҳри Перм ин ҳодисаҳо зиёд мушоҳида шудааст. Барои ҳамин зан ба пешниҳоди шавҳараш розӣ нашудааст.

-Вайро чӣ тарз куштаанд? Бо чӣ роҳе куштаанд?

-Кушта шуданаш дақиқ аст ва ман то ҳол дақиқ намедонам, ки вай шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст ё не, чунки кормандони пулис ба дархости ман дар ин бора ҷавоб надоданд. Онҳо ба ман ин баҳонаро пеш оварданд, ки гӯё корҳои тафтишотӣ давом дорад.

-Дар яке аз сомонаҳои интернетии Русия навореро гузоштаанд, ки саҳнаи баъд аз куштори ин шахсро нишон медиҳад. Навиштаанд, ҳангоме, ки ин мард мехост бо корд занашро кушад, нишонзане аз хонаи рӯ ба рӯ вайро ҳадаф қарор додааст. Марди оғуштаи хун дар рӯи фарши хона хобидааст. Назари худи шумо дар ин бора чист?

-Ман зиёда аз 15 сол дар Перм зиндагӣ мекунам. Ман якум бор аз ҳамин навишта мебинам, ки тоҷике ба куштори занаш, шаҳрванди Русия даст зада бошад. Ба ин кор боварии шахсии ман намеояд. Чунки онҳо бо ҳам солҳои зиёд зиндагӣ кардаанд, фарзанд ҳам доранд. Аз нуқтаи назари ман ва фаҳмиши ман, ин ба ҳақиқат дуруст намеояд. Ҳамсояҳояш низ гуфтаанд, ки вай марди хуб ва ором будааст.

Баъзе сомонаҳоли интернетӣ ҳар чизеро, ки ба манфиати худашон аст, чоп кардан мегиранд. Мумкин аст, онҳо ният дошта бошанд, ки иғвои байнимиллӣ андозанд. Ба назари ман, дар ин ҷо манфиати шахсии баъзе нафарон нуҳуфтааст, ки тарафдори низоъ андохтани миллатҳо мебошанд. Ин хел чизҳо ҳам ҳастанд. Барои ҳамин на ҳамаи хабарҳое, ки дар сомонаҳои Русия ба табъ мерасанд, ба ҳақиқат дуруст меоянд.

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi