05:30:03 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"ҲЕҶ ГУНА БӮҲРОН "ТОҶИКАЙР"-РО ТАҲДИД НАМЕКУНАД"

Бар пояи маълумотҳои расида, ширкати “Тоҷикайр” баъзе аз парвозҳои байналмилалии худро мутаваққиф кардааст.

/images/stories/2012/09/01_tajik-air-010912.jpgАз ҷумла гуфта мешавад, ки парвозҳои ин ширкат ба самти Теҳрон дар рӯзи шанбе лағв шудааст. Бархеҳо иллати ин амрро дар камбуди мусофирон мебинанд, аммо бархеи дигар мегӯянд, ки дар паркаи ин ширкат ҳавопаймоҳои мудерн кам аст ва ба ин далел дучори ҳамчунин мушкил шудааст.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия ва чанд масъалаи дигар, хабарнигори мо сӯҳбате дошт бо Исмоил Ғаффоров, мудири тиҷоратӣ ва масъули равобити байналмилалии ширкати “Тоҷикайр”.

Исмоил Ғаффоров: Парвозҳо ба самти Теҳрон аз Душанбе ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои сешанбе ва шанбе иҷро мегарданд, ки иҷро гашта истодаанд. То имрӯз танҳо як парвоз ба иҷро нарасидааст. Маълумоте, ки шумо мегӯед ба ҳақиқат дуруст намеояд.

-Далели анҷом наёфтани ҳамин як парвоз чӣ аст?

-Агар ширкатҳои ҳатто бениҳоят бузурги ҷаҳонро бигирем, аз он ҷумла Луфганза ,Туркишэйрланс, Американэйрланс, Бритишэйрланс, баъзе аз ширкатҳое, ки дар Ҳиндустонанд дар як моҳ як парвоз не, шояд чанд парвозро ба таъхир гузоранд ва инки як парвоз аз тарафи  “Тоҷикайр” иҷро нашудааст, чизе нест.

Мо ки танҳо як парвозро ба тарафи Теҳрон иҷро накардем, аллакай ин қадар овоза ва гапҳои дурӯғ ба вуҷуд омадааст. Иҷро нагардидани як парвоз маънои онро надорад, ки дар кори ширкат кадом мушкил пеш омада бошад. Ширкати мо тамоми ӯҳдадориҳоеро, ки барои расонидани хидмат ба мусофирон мегирад иҷро карда истодааст, аз он ҷумла дар хатсайри Душанбе-Теҳрон.

-Ширкати “Тоҷикайр” солона ба давлат чӣ миқдор молиёт месупорад?

-Соли гузашта ширкати “Тоҷикайр” ба ҳукумати Тоҷикистон оид ба пардохтҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ қариб  50 миллион сомонӣ супоридааст. Соли ҷорӣ дар ҳафтмоҳаи гузашта бештар аз 23 миллион сомонӣ супоридааст.

-Баъзе аз кормандони шумо аз ҷумлаи ҳавонавардҳо ба далели онки дар ширкати “Тоҷикайр” музди моҳона камтар аст, аз кор рафтаанд.

-Рафтани кормандон ба сатҳ ва рушди молиявии ширкат ягон вобастагӣ надорад. Онҳое аз ширкат рафтаанду мераванд, ки ба синни бознишастагӣ расидаанд. Ҳамин ду рӯзи пеш худи ман се нафарро ба сифати ҳавонавард ба кор қабул кардам. Вале агар шумо бар инед, ки кормандони ширкат пайваста ба маҳзи камбуди маош назар бар дигар ширкатҳо аз кор рафта истодаанд, ин ба ҳақиқат дуруст нест.

-Яъне ин ҳарфҳо, ки ба ширкати “Тоҷикайр” кризис, яъне бӯҳрон таҳдид мекунад ва он наздик ба варшикаста шудан аст дуруст нест?

-Ҳеҷ гуна таҳдиди бӯҳрон вуҷуд надорад. Ширкат дар доираи хатсайрҳое, ки иҷро мекунад, фаъолияти худро пеш бурда истодааст ва ӯҳдадориро нисбати мусофирони худ иҷро карда истодааст.

-Дар чанд сафарҳое, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар дошт тавассути ҳавопаймоҳои “Сомонайр” сурат гирифт. Ин маънои онро дорад, ки сатҳу сифати кори онҳо ва ҳавопаймоҳои онҳо беҳтар аст?

-Ин масъала дар салоҳияти ман нест. Масъалаи ҷудо намудани худи ҳавопаймо барои шахси аввали ҷумҳурӣ дар салоҳияти дигар идораҳо ва шахсони мутасаддӣ аст, барои ҳамин ман ба он ҷавоб дода наметавонам.

-Нархҳои чиптаҳои ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба самти шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Маскав баланд шуда то ба 700 доллар  расиданд. Чаро якбора ба ин сатҳ боло рафт?

-Нисбати то 700 доллар баланд шудани нархҳо ман ба ростӣ хабар надорам. Ин ба ҳақиқат рост намеояд. Нархҳои ширкат бояд бо шароити бозаргонӣ мутобиқ бошад. Ва мо ҳаррӯз ва ҳатто ҳар соат нархҳоро иваз менамоем. Аммо нархи ягон чиптаи хаттисайри  Душанбе ба ягон самти дигар ба 700 доллар нарасидааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi