11:14:17 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

МУХОЛИФАТИ УЗБАКИСТОН БО ИНТИҚОЛИ МАҲБУСОН АЗ ХУҶАНД БА ДУШАНБЕ

Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон бо мушкили интиқоли зиндониён аз шимол ба маркази Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст. Тибқи иттилоъи масъулони ин ниҳод, кишвари ҳамсояи Узбакистон барои тронзити 117 нафар аз маҳбусон, ки бояд аз Хуҷанд ба Душанбе мунтақил шаванд, иҷоза надодааст.

/images/stories/2012/08/27_kurgan_prison_270812.jpgГуфта мешавад, ки мақомоти ин кишвари ҳамҷавор бо интиқоли “конвой” ё корвони зиндониён, ки маъмулан сарбозон ва афсарони мусаллаҳ онҳоро ҳамроҳӣ мекунад, мухолифат кардааст. Ба гуфтаи Гулзора Тайроншоева, як масъули Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон, интиқоли ин идда аз зиндониён тавассути роҳи заминӣ, ки аз гардана ва роҳҳои кӯҳистонӣ убур мекунад, хатарнок аст, зеро эҳтимоли фирори ин афрод вуҷуд дорад.

Вай гуфт, ки дар қаламрави вилояти Суғд зиндонҳои вижае барои нигаҳдории занон ва ноболиғон ё зиндони низомаш сангин вуҷуд надорад ва ба ин далел ин маҳбусон бояд ба зиндонҳои ҷануби кишвар мунтақил шаванд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вай, тибқи муқаррарот, маҳбусони зодаи ҷануби кившар бояд дар зиндонҳои шимоли Тоҷикистон ва баръакс адои ҷазо кунанд. Тибқи ин муқаррарот, баъд аз даҳ рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми додгоҳ, маҳбусон бояд ба зиндонҳо мунтақил шаванд.

Зимнан, ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, ин муқаррарот дар бархе аз маворид аз сӯйи Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон низ нақз мешавад. Ба унвони мисол, Ёқуб Салимов, аз зиндониёни шинохта, тӯли чанд сол аз боздоштгоҳ ба зиндон мунтақил намешавад. Ҳарчанд, вай шахсан чанд маротиба дар ин бора расман дархост кардааст.

Дар гузашта, бештари маҳбусоне, ки аз шимол ба зиндонҳои ҷануби кишвар мунтақил мешуданд, тавассути қатор оварда мешуданд. Вале тобистони имсол ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба далели камбуди мусофирон дар ин масир ҳаракати қатор миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро мутаваққиф кардааст.

Намояндаи Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки интиқоли маҳбусон тавассути ҳавопаймо хеле гарон аст ва ин ниҳод чунин маблағро дар ихтиёр надорад. Аз сӯйи дигар, мавориде низ вуҷуд дошт, ки бархе аз маҳбусон, бавижа афроде, ки ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, тавассути ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе мунтақил шуда буданд.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта гурӯҳе аз маҳбусоне, ки ба иттиҳоми пайравӣ аз Ҳизби Таҳрир, гурӯҳи мамнуъи ифротгаро дар Тоҷикистон, ба зиндон маҳкум шуда буданд, хоста буданд, ки онҳоро ба зиндонҳои вилояти Суғд интиқол диҳанд.

Ба гуфтаи онҳо, нигаҳдории ин афрод дар зиндонҳои ҷануби Тоҷикистон мушкилотеро дар заминаи дидор бо пайвандонашон эҷод кардааст. Аз ҷумла, пайвандони ин афрод барои дидор бо зиндониён маболиғи зиёдеро барои омаду рафт ба Душанбе бояд сарф кунанд.

Ин дар ҳолест, ки мунтақидон мегӯянд, ки дар чанд соли ахир иттилоъот дар бораи теъдоди зиндониён ва шароити буду боши онҳо то ҷое "сиррӣ" шуда ва мақомоти умури зиндонҳо аз ироаи иттилоъ дар ин замина худдорӣ мекунанд.

Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ низ тӯли чанд сол талош дорад, ки ба зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ пайдо карда ва ба маҳбусони бемор кумакҳое ироа кунад. Вале бо вуҷуди музокироти пайвастаи миёни ин созмон ва давлати Тоҷикистон Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ то ҳол чунин иҷозаро дарёфт накардааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi