10:04:46 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУШАНБЕ БА СОХТМОНИ ПУЛ ДАР НОҲИЯИ ЛАЙЛАК МУХОЛИФ АСТ

Мақомоти Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки Қирғизистон метавонад баъзе порчаҳои заминро моли худ эълон кунад. Ин нуктаро Ғиёсиддин Эҳсонов, намояндаи Тоҷикистон дар вилояти Ботканд рӯзи Душанбе ба мо баён дошт. Ӯ гуфт, дар ҳоле, ки аломатгузории хатти марзи муштаракаи Тоҷикистону Қирғизистон ба поён нарасидааст, сохтмони пул метавонад дар ташхиси марз печидагиҳоро ба миён биёрад.

/images/stories/2012/08/20_roh-doroga_200812.jpgБа қавли ҷаноби Эҳсонов мавзее, ки дар он қирғизҳо мехоҳанд пули мошингузар бунёд кунанд, ба қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон тааллуқ дорад ва агар ин пул сохта шавад дар оянда қирғизҳо метавонанд даъво кунанд, ки ин замин моли онҳост. Илова ба ин, гуфт, ҷаноби Эҳсонов,  пул дар фарози наҳри Хоҷабоқирғон сохта мешавад ки аз Тоҷикистон саргаҳ мегирад ва  се ноҳияи Тоҷикистонро бо об таъмин мекунад.

Ғиёсиддин Эҳсонов намояндаи Тоҷикистон дар вилояти Ботканд мегӯяд, ки бо назардошти ин Кумиссияи Тоҷикистон оид ба ташхиси хатти марз ба бунёди пул дар ин мавзеъ мухолифат мекунад. "Роҳи мошингард ҳоло вуҷуд дорад ва сокинони мавзеъҳои атроф аз ин тариқ озодона равуо доранд", - гуфт ҷаноби Эҳсонов.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Мидин Холов намоядаи ҳукумати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо гурӯҳи хабарнигорон аз мавзеъи бунёди пули оянда воқеъ дар  миёни рустоҳои Интернатсионал-Мақсад дидан кард ва хабарнигоронро бо ҷараёни сохтмони роҳу кӯпрукҳо ошно намуд.

Ӯ дар ҳузури хабарнигорон таъкид кард, ки Тоҷикистон ба бунёди пул бар  фарози канали Хоҷабоқирғон розӣ нест. Ӯ ҳамзамон ёдовар шуд, ки ҳоло ҳудуди 20 ҳектор замин дар миёни ноҳияи Лаклак ва се ноҳияи Тоҷикистон ҳамчунон  баҳсбарангез боқӣ мондаанд.

Ба қавли намояндаи ҳукумати минтақаи Лаклаки вилояти Ботканд дар ҳоли ҳозир  Қирғизистон барнома дорад, ки бо бунёди ду пул,  яке бо дарози 22 метр ва дигаре 48 метр,  равуо миёни рустҳои худро наздиктар созад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi