13:41:00 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ГИРДИҲАМОӢ ДАР РӮБАРӮИ БИНОИ ШАҲРДОРИИ ХОРУҒ

Субҳи имрӯз дар майдони «Ваҳдат»-и шаҳри Хоруғ - дар рӯбарӯи бинои шаҳрдорӣ зиёда аз 500 нафар аз ҷавонон таҷаммӯъ карданд. Гирдиҳамомадагон эътирози худро нисбати амали сарбозе, ки рӯзи гузашта ба сӯи автомашинаи сабукрав тир андохта як нафарро ҳалок ва се нафар, аз ҷумла як занро захмӣ кард, баён доштанд.

/images/stories/2012/08/11_etiroz-110812.jpgМақомоти додситонии вилоят мегӯянд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқ идома дорад. Аммо ин мақоми додситонӣ ронандаро айбдор кард, ки ба ишораи нозири роҳ таваҷҷӯҳ накарда ва ҳаракатро идома додааст.

Аммо сокинон мегӯянд, ки сарбоз бояд пеш аз нишон гирифтани автомашин, ба хотири огоҳӣ кардан ба ҳаво тир холӣ мекард. Аз сӯи дигар ба гуфтаи сокинон, Бозрасии давлатии автомобилӣ метавонист муҷримро бидуни тирандозӣ дар шаҳр дастгир ва муҷозот мекард.

Дар ҳамин ҳол намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва Ёдгор Файзов, раҳбари намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон дар рӯбарӯи таҷаммӯъкунандагон изҳор доштанд, ки аз замони эълони оташбас аз ҷониби раиси ҷумҳур то ба имрӯз, барои ба маҷрои ҳаёти осоишта баргардонидани маркази вилоят корҳои зиёде анҷом дода шудаанд, ки дар он мақомот, ҷомеаи шаҳрвандӣ, халифаҳо ва афроди алоҳида саҳм доштанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Файзов, марҳилаи бозгашти нерӯҳои ҳукумат ба мақари доимияшон ба таври густурда аз дирӯз шурӯъ шуд, аммо анҷоми марҳила ба марҳилаи он вақт мехоҳад. Вай изҳори боварӣ кард, ки ҳодисаи таассуфангези, ки рӯзи 10-уми август ба вуқӯъ пайваст, раванди барқарории суботро халадор нахоҳад кард ва ин қазия дар асоси қонун аз ҷониби ниҳодҳои марубута баррасӣ хоҳад шуд.

Раҳбари намояндагии Бунёди Оғохон ҳамчунин дар рӯбарӯри тазоҳуркунандагон изҳор дошт, ки раванди халъи силоҳ шароитро барои ҳаёти осоишта фароҳам сохтааст ва аз ҳозирон дархост кард, ки майдонро тарк кунанд. Гирдиҳамомадагон пас аз изҳори андешаҳо ва нигаронии худ аз ҳодисаи дирӯз, майдонро тарк карданд ва пароканда шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi