16:07:36 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КУШТА ШУДАНИ ЯК СОКИНИ ХОРУҒ ВА БЕРУН ШУДАНИ НЕРӮҲО АЗ БАДАХШОН

Як манбаъи мӯътамад ба мо мегӯяд, ки аз тири нерӯҳои давлатӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гуфтаи ин манобеъ вазъи ду захмии ин воқеа, ки ҳоло дар бемористонанд, рӯ ба беҳбуд дорад.

/images/stories/2012/08/10_terakt-100812.jpgМасъулони шӯъбаи корҳои дохилии Хоруғ зимни таъиди ин хабар ба мо гуфт, ки «ин ҳодиса дар маҳаллаи Чинак ҳангоме рух додааст, ки худрави мусофирбари тамғаи Тангем ба огоҳии нозирон постгоҳ итоат накардааст, ки дар натиҷаи тирандозии яке аз низомиён мусоифри ин  мусофирбар дар бемористон ҷон бохта ва ду тани дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф бистарӣ шуданд».

Ба гуфтаи ин манбаъ ниҳодҳои интизомӣ  таҳқиқи ин қазияро пайгирӣ доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки муддати чанд рӯзи ахир вазъ дар шахри Хоруғ ором буда ва танҳо дар чор гушаи маркази Бадахшон посгоҳҳои муштараки пулис ва низомиён таъмини назму тартиботро бар душ доранд.

Дар ҳамин ҳол беш аз 200 сарбоз ва афсари Вазорати дифоъ ва Горди милии Тоҷикистон шаҳри  Хоруғро ба қасди Душанбе тарк карданд.

Як манбаи мӯътамад дар Горди милии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 10 август ин хабарро дар сӯҳбат бо мо таъид кард ва гуфт, ки «аз анҷоми амалиёти низомӣ беш аз  ду ҳафта мегузарад ва нигоҳ доштани сарбозону афсароне, ки  22 июл ба Хоруғ интиқол дода шуда буданд  дигар зарурат надорад, аз ин рӯ онҳо ба ҷои доимии хизмати худ дар шаҳри Душанбе баргардонида мешаванд».

Ба таъкиди ин манбаъ аз ин ҷумла ҳудуди 120 нафар афсарону сарбозони Горди миллии Тоҷикистон ва бақия аз вазорати дифоъ ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки генерал Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон  имрӯз ба телевизиони Бадахшон гуфтааст, ки «бо эътидол шудани вазъ дар Хоруғ гурӯҳи чатрбозон ё десантчиёни вазорати дифоъ низ Хоруғро тарк карданд».

Ҳамчунин ба иттилоъи манбаъи мӯътамади мо нишонзанҳо аз кӯҳҳои атрофи шаҳри Хоруғ низ барчида шуда ва ба маҳалли буду бошашон дар душанбе интиқол дода шуданд.

Қаблан, як манбаъ аз вазорати дифоъ ба мо гуфта буд, ки то 2 август ҳудуди 300 тан аз сарбозони вазорати дифоъ ҳудуди Бадахшонро тарк кардаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки тақрибан 28 июл  раванди бозгардондани ҷузъу томҳои ниҳодҳои қудратӣ оғоз шуда буд ва марҳила ба марҳила сарбозоне, ки барои амалиёт ба Хоруғ оварда шуда буданд, ба қисмҳои ҳарбии худ баргардонида мешаванд.

Аз ин қабл манбаи "Озодӣ" дар Бадахшон хабар дода буд, ки дар Хоруғ як баталиони 500-нафарӣ боқӣ монда, нерӯҳои изофӣ ба қароргоҳашон бармегарданд. Ин тасмим ба дунболи поён ёфтани амалиёти низомӣ дар маркази вилояти Бадахшон ва ҳам таъмини шароити хуби будубош барои сарбозону афсарон, ки теъдодашон аз 2 ҳазор нафар зиёд аст, гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки баталиони махсуси 500-нафарӣ умдатан аз нерӯҳои вазорати умури дохилии Тоҷикистон иборат буда, то ба анҷом расидани марҳилаи халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, дар Хоруғ боқӣ хоҳанд монд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi