11:27:53 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ДОДГОҲ 'ҲАМЕР' ВА 'ПАНТЕРА'-РО РАВОНАИ ЗИНДОН КАРД

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аъзои як гурӯҳи ҷиноиро ба иттиҳоми қочоқ ва нигаҳдории маводди мухаддир ба муддати аз 7 то 24 сол равонаи зиндон кард. Бино ба иттилоъи як манбаъи додгоҳ, Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба “Ҳамер”, барои нигаҳдорӣ ва қочоқи маводди мухаддир ба муддати 24 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

/images/stories/2012/08/08_tajikistan_drugs_080812.jpgРустам Ҳайитов 5 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо 42 килуграм маводди мухаддир аз сӯйи маъмурони интизомӣ боздошт шуда буд. Фаридун Умаров, раиси бахши мубориза бо маводди мухаддири Вазорати умури дохила дар ноҳияи Фархор, Сайвалӣ Исмоилов, устоди мадраса ва Қобил Давлатов, ронандаро ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир ба муддатҳои 7 ва 12 сол равонаи зиндон шудаанд.

Зимнан, Фаридун Умаров бародари Мансур Умаров, муъовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва дар гузашта раҳбари муҳофизони Президент Раҳмон аст. Гуфта мешавад, Фаридун Умаров бештар бо лақаби “Пантера” маъруф аст.

Муҳокимаи парвандаи ин афрод дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сулаймон Қосимов, қозии додгоҳ дар муддати ду ҳафта анҷом шуд. Соҳибназарон мегӯянд, ки маъмулан чунин парвандаҳои пурсарусадо барои муддате бештар баррасӣ мешуданд. Вале ин парванда дар муддате кӯтоҳ муҳокима шуда ва ҳукм содир шуд.

Дар авоили имсол дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ ва амниятӣ чанд гурӯҳи қочоқчиён ва афсарони баландпояи интизомиро барои ҳамдастӣ бо қочоқчиён боздошт карданд, ки дар миёни онҳо исми Зафар Мирзоев, масъули бахши мубориза бо маводди мухаддири Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ ҳаст.

Гуфта мешавад, парвандаи оқои Мирзоев бо чанд тан аз шариконаш дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар рӯзи 31 январи соли ҷорӣ кормандони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон Илҳомҷон Файзов, масъули бахши мубориза бо маводди мухаддири пулиси ноҳияи Фирдавсиро бо иттиҳомоти “сӯиистифода аз мақом”, “фаро рафтан аз ваколатҳои худ” ва “ришвагирӣ” боздошт карда ва муҳокимаи парвандаи ӯ шурӯъ нашудааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ иброз дошт, аъзои ин гурӯҳ аз ҷониби бархе аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳатто мақомҳои давлатӣ мавриди пуштибонӣ қарор доштаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар як соли ахир расонаҳои хориҷӣ пайваста аз давлати Тоҷикистон барои мушорикати масъулин дар қочоқи маводди мухаддир шадидан интиқод карда ва иддаъо доранд, ки кумакҳои кишварҳои ёрирасон барои муқобала бо қочоқи маводди мухаддир ба сурати муассир истифода намешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi