14:49:28 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАТАНХОҲӢ БА ГУФТОРАСТ…

Пушида нест, ки бо ба имзо расидани созишномаи оштии миллии тоҷикон (27- июни соли 1997) Комисияи Оштии Миллӣ барои барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом дода, таҷрибаи он барои бисёри аз мамлакатҳои дигари дунё намунаи ибрат шуд.

/images/stories/2012/08/04_protest-khorugh_040812.jpgБе муболиға маҳз ҳамин истиқлолияти сиёсӣ ва Созищномаи Оштии Миллӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дунё муносибати иқтисодию дипломатӣ ва робитаҳои илмию фарҳангӣ барқарор намояд.

Аз ҷумла роҳи оҳани васеъбарӣ Қурғонтеппа - Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб- қалъаи-хумб – Қароқурум – Кулма, нақби Анзоб минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам пайваст намуда алоқаи мамлакати моро ба кишварҳои дурру наздики хориҷӣ барқарор мекунад.

Мутаассифона, вазъӣ сиёсии чанд рӯзи охири шаҳи Хоруғ ҳар шахси ватанхоҳу ватандӯстро сари ин сулҳу салоҳи ба даст омада ба рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба андеша бурда, бе тафовут намегузорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Воситаҳои ахбори оммаро ба танзим медарорад. Ин аст, ки радиову телевизион рӯзномаю  маҷалаҳо ва агентии итилоотӣ ҳар соату ҳар дақиқа, ҳамарӯза ба шаҳрвандони  кишвар навигариҳои рӯзро бо  чандин забон, пешкаши тамошобинон ва шунавандагону хонандагон менамоянд.

Дар баробари ин ҳастанд баъзе расонаҳое, ки танзими он аз ҷониби касе сурат намегирад. Имрӯзҳо чунин расона шабакаи интернетӣ мебошад, ки доир ба мавзӯҳои мухталифи ҷаҳон ахбороту гузоришҳо ва аксҳо, пешкаш менамояд. Матлаби сухан дарҷ намудану овоза намудани ҳар гунна сару садоҳои беасосу аз мантиқ фарсахҳо дур мебошад.

Дар ин чанд рӯзи даргирҳои шаҳри Хоруғ маълум, ки чанд, тани беҷонро ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷумла ба вилояти Хатлон оварданд. Ҳол он ки ин шахсоне, ки дар ин роҳ ҷони азизи худро аз даст додаанд, аз рӯи вазифаи ба душ дошта, аз он маълумоте, ки ба гардани эшон аст, ба ин хотир аст.

На аз он диду таҳлилҳои иғвоангезе, ки пахш мешаванд. Аз ин хотир дар чунин вазъияту шароит. Танҳо ақли солим, иродаи матин ва ҳиссӣ баланди ватандӯстию ватанхоҳӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ метавонад, сари роҳи ҳамагуна носозгориҳо шавад.

Ба замми ин, чунин нофаҳмию нобаробариҳо метавонад дар муносибату робитаҳои дипломатии минбаъдаи кишвари азизамон рахнае, пайдо кунад. Беҳтар мешуд, ки сари ҳамин гунна масоили рӯз хуб андеша кард.

Чунки танҳо худи мо метавонем, ки дар пешрафт ва осудагиву осоиштагии мардуми кишвар ҳисса гузорем, аз он чӣ ки қаблан якчанд рӯз  алоқа миёни шаҳри Хорӯғ ва пойтахт баста шуда буд  ин  ба хотири дастдарозӣ накардани баъзе аз ҳангомаҷуёне,  ки баҳри касеву ба даст овардани чизе буд.

Як гурӯҳ сокинони шаҳри Кулоб



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi