06:42:55 25-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ХАШМИ МУСОФИРОНИ "ТОҶИК ЭЙР" АЗ ТАЪХИРИ ПАРВОЗҲО

“Тоҷик Эйр” ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанберо ба вазъи бади ҳаво марбут донист. Ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, шаби 20-ум ба 21-уми май аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ягон парвози ҳавопаймо сурат нагирифтааст. Сухангӯи ин ширкат Лола Кенҷаева шикояти шаҳрвандон аз парвоз накардани ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” дар шаби 20-ми май ва бидуни кумакҳои зарурӣ мондани мусофиронро ба мо шарҳ дод.

/images/stories/2012/05/21_tajik-air-21-5-12.jpgӮ гуфт, "дар ин шаб бино ба маълумоти маркази махсуси обуҳавосанҷӣ дар фазои Хуҷанд ниҳодҳои масъул ба хотири ҷилавгирӣ аз борони сахт бо пушкаҳо абр мепаронданд ва дар чунин ҳол парвози ҳавопаймо ба хатар мувоҷеҳ мешавад." Хонум Кенҷаева афзуд, интизор мерафт, ба зудтарин фурсат ҳавопаймоҳо парвоз кунанд, аммо боз аз маркази ҳавосанҷӣ иттилоъ медоданд, ки барои парвоз иҷоза нест ва ба ҳамин хотир, намешуд шаҳрвандонро аз толори фурудгоҳ берун овард.

Тибқи иттилои расонаҳо, шаби 20-уми майи соли равон мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷандро лозим омадааст, ки аз соати 20:30-и шом то 4-и субҳ бидуни маводи хӯрданӣ ва ҷои хоб дар фурудгоҳ шабро рӯз кунанд. Мусофирон ба додситонии нақлиёти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин бора шикоят бурдаанд.

Мусофирон дар шикояти худ нигоштаанд, “дар соати ҳашту сӣ дақиқаи шом ҳавопаймои мо бояд аз Хуҷанд парвоз мекард, аммо ба далели бад будани вазъи ҳаво парвози моро ба таъхир гузоштанд. Ҳар соат эълон мекарданд, ки парвози мо ба таъхир гузошта шудааст. Дар натиҷа, ба мо зурар омад, то 7 соатро дар толори сарди интизорӣ ва бе обу ғизо пушти сар кунем. Дар ҳоле ки дар миёни мо тифлону пирон ва хориҷиҳо низ буданд.”

Гуфта мешавад, шаби 20 ба 21-уми май, ҳамчунин ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷик Эйр", ки мебоист, дар Душанбе фуруд оянд, дар Хуҷанд ба замин нишастанд. Мусофирони парвози Бишкек соати 16:00 ба фурудгоҳи Хуҷанд оварда шуданд ва то соати 1-и шаб дар ин ҷо нигоҳдорӣ шуданд. Ин ҳолат эътирози сахти онҳо, махсусан мусофирони хориҷиро ба вуҷуд овардааст.

Бори аввал нест, ки гурӯҳи мусофирон аз хадамот ва ё ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” шикоят мекунанд. Вале мақомоти ин ширкат борҳо гуфтаанд, ки онҳо барои вазъи бади обу ҳаво, ки боиси ба таъхир уфтодани парвозҳо мегардад, ҷавобгӯ нестанд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi