10:41:26 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 26
27 28 29 30 31    

ҶАҲИШИ ДОЛЛАР ВА ЛАРЗАИ ДИЛИ СОКИНОНИ ТОҶИКИСТОН

Чанд рӯзи охир дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ё саррофиҳои Душанбе ҷаҳиши якбораи нархи доллар ба мушоҳида расид. Яъне, дар муқоиса бо ду ҳафтаи пеш қурби доллари амрикоӣ чанд зина боло рафта, аз 4 сомониву 83 дирам то 4 сомониву 89 дирамро ташкил мекунад.

/images/stories/2012/05/21_valyouta-21-5-12.jpgНеъмат Абдуллоев, мудири яке аз саррофиҳои Душанбе гуфт, "то ду-се моҳи пеш қурби доллар дар саррофиҳо бетағийр буд. Боло бурдани қурби доллар аз мо вобаста нест, барои саррофиҳо қурбро бонкҳо муайян мекунанд."

Бархе аз саррофони Душанбе болоравии қурби долларро ба рӯйдодҳои бозори асъори Аврупо рабт медиҳанд. Яке аз онҳо бо номи Давлат гуфт, "ду ҳафта пеш дар Аврупо нархи евро ва рубли русӣ пойин рафт, вале нархи доллар  боло шуд ва ин ба Тоҷикистон ҳам  таъсир кард. Ҳар қадар талабот ба доллар зиёд шавад, қиматаш ҳам боло меравад."

Қурби доллар дар саррофиҳои пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле  афзудааст, ки бино ба нишондоди расмии Бонки миллии Тоҷикистон, як доллари амрикоӣ ба 4 сомониву 76 дирам баробар аст. Яъне, ҳудуди 20 дирам пойинтар аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт.

Абдуғаффор Қурбонов, раҳбари Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд боло рафтани қимати доллар ба афзудани талабот нисбат ба ин асъори хориҷӣ бастагӣ дорад. Ӯ илова кард, дар сурати аз меъёр боло рафтани қурби доллар, Бонки миллӣ барои ба низом даровардани он ба бозори асъор мудохила хоҳад кард.

"Дар ҳоли ҳозир нархи доллар чандон баланд нашудааст, ки ба бозори асъор дахолат шавад. Бояд гуфт, болоравии доллар асосан ба омилҳои дохиливу берунӣ, тавозуни пардохти кишвар, яъне воридоту содирот ва ҳамчунин аз ворид шудани маблағҳои нақди асъори хориҷӣ вобастагӣ дорад",-шарҳ дод Қурбонов.

Болоравии қурби доллар дар Тоҷикистон нигарониҳои сокинонро ба бор овардааст. Аксар мусоҳибони мо аз он дар ташвишанд, ки ин раванд нархи маҳсулот дар бозорҳоро боз ҳам хоҳад афзуд. Ба гуфтаи онҳо, тоҷирон бо баҳонаи қиматии доллар нархи маводи ғизоӣ ва ҳам либосро боло бурда, бо вуҷуди тағйир кардани қурби доллар онро пойин нахоҳанд овард.

Ин дар ҳолест, ки қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл поин омадааст. Аксари муҳоҷирони тоҷик ҳаққи кори худро ба рубли русӣ дарёфт карда, ба хонаводаҳои худ пули русӣ мефиристанд ва ин аст, ки бархе аз оилаи муҳоҷирон мегӯянд, паст рафтани арзиши рубли русӣ ба манфиати онҳо низ нахоҳад буд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi