06:12:40 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАРБИЯТИ КӮДАКИСТОНӢ: БАҲСИ ДУНЯВӢ ВА МАЗҲАБӢ ДАР ПОРЛУМОН

Кумитаи умури илм, маъориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони порлумони Тоҷикистон барои нахустин бор тарҳи қонун дар бораи таълимоти томактабӣ дар ин кишварро баррасӣ кард. Ин тарҳи қонунро худи намояндагони порлумони Тоҷикистон таҳия кардаанд, ки он муқаррароти кори муассисаҳои омӯзишӣ ва парваришӣ барои кӯдакони аз синни яксола то ҳафтсоларо дар назар гирифтааст.

mahmadovaНоми ин муассисаҳо дар қонун ҳамчун кӯдакистон, кудакистон-мактаб, хонаи кӯдакон, кӯдакистони оилавӣ, боғчаи бачагон ва боғчаи кӯдакони навъи офиятӣ (кӯдакони маълул ё дорои имконоти ҷисмонии маҳдуд) сабт шудааст. Шароити зиёде дар ин тарҳи қонун бояд тавассути намояндагони Кумитаи умури илм, маъориф ва фарҳанги порлумон, намояндагони вазорати маъориф ва кӯдакистонҳо, аз ҷумла ройгон будан ё набудани кадоме аз ин муассисаҳо мушаххас шавад.

Ҳамчунин, маълум нест, ки оё бо таъкид бар рӯи кӯдакистонҳо барои кӯдакони маълул қонун дарвоқеъ мехоҳад дарҳои кӯдакистонҳои маъмулиро ба рӯйи кӯдакони дорои имконоти камтар бибандад ё хайр.

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар порлумони ин кишвар дар ҷаласаи баррасии ин тарҳ аз ин ки дар тарҳи қонун ба дунявӣ будани таълиму тарбияти томактабӣ таъкид шудааст, ибрози норизоятӣ кард.

Вай гуфт: "Моддаи панҷи қонун таълимро ба дунявӣ будан маҳдуд мекунад, ки ин метавонад фардо мушкилот эҷод кунад. Мо таълими динии бузурге дорем, ки кӯдакон метавонанд дар синни томактабӣ аз он баҳравар шаванд."

Дар ҳоле ки намояндагони порлумон дар посух ба ин иддаъо гуфтанд, ки "ин пешниҳодро ба назар мегирем" ва таблиғи арзишҳои миллӣ дар қонун дар назар гирифта шудааст, муъовини вазорати омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон гуфт, ки ин пешниҳод ғайри қобили қабул аст.

Тоҷинисо Маҳмадова, муъовини вазири омӯзиш ва парвариш, дар ин бора гуфт: "Дар мо консепсияи миллии тарбияти кӯдакон вуҷуд дорад, ки он бо арзишҳои байналмилалӣ мутобиқ аст ва Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеъаи байналмилалӣ наметавонад аз ин арзишҳо худро дур кунад."

Вай афзуд: "Дунявӣ будани Тоҷикистон дар Қонуни асосии кишвар дарҷ шудааст ва ин пешниҳод ҳатто қобили баҳс нест."

Бино ба иттилоъи Вазорати омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 7 дарсади кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ тарбият мегиранд. Ин рақам, ба гуфтаи масъулони вазорати маъориф, хеле кам аст.

Ба гуфтаи муъовини вазири маъорифи Тоҷикистон, таҳсили кӯдакон дар кӯдакистонҳо дар рушди зеҳни онҳо таъсири муфид расонда ва ба ин хотир кӯдаконе, ки ба кӯдакистон рафтаанд, дар клосҳои нахустини мактабҳои ҳамагонӣ фаъъолтар ҳастанд.

Ба ин хотир муъовини вазири омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар сурати мавҷуд будани шароит, фиристодани кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар ин кишвар ҳатмӣ шавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi