22:53:39 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

“БАРҚ НЕСТ”: ШАБАКАИ МИЛЛӢ БАРОИ ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ ДАР АРСАИ ЭНЕРЖӢ

Ба манзури таъмини шаффофият ва гузоришдиҳӣ дар мавриди вазъи барқрасонӣ дар Тоҷикистон сойти ҷадиде бо одреси www.barknest.tj роҳандозӣ шудааст. Гурӯҳе бо номи мушобеҳ дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук низ роҳандозӣ шуда ва дар он аъзои гурӯҳ метавонанд дар бораи вазъи барқрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳам табодули назар кунанд.

map_electricityИн сойт бо номи "Шабакаи миллӣ барои таъмини шаффофият ва гузоришгарӣ дар заминаи вазъи барқрасонӣ" ба таври озмоишӣ роҳандозӣ шуда ва ба унвони "манбаъи маърифатии ғайритиҷоратии" Иттиҳодияи масрафкунандагони Тоҷикистон хидмат мекунад.

Фаридун Шоимбеков, муъовини раиси Иттиҳодияи масрафкунандагони Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 24 феврал ба Би-би-сӣ гуфт, чун дар миёни мушкилоти ҷомеъаи ин кишвар камбуди барқ муҳиммтарин ва дардноктарин аст, аз ин лиҳоз ин иттиҳодия нахустин сойти худро ба ин мушкил ихтисос додааст.

Ба гуфтаи оқои Шоимбеков, ҳар масрафкунандаи барқ метавонад аз тариқи ин сойт дар бораи шароити расондани барқ ва мизони интиқоли барқ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон иттилоъ дарёфт кунад ё иттилоъ бидиҳад ва ҳатто шикояти худро ба масъулон ироа диҳад.

Дар сойти Шабакаи миллӣ барои таъмини шаффофият дар арсаи барқрасонӣ омадааст: "Норасоии қатъии манбаъи энергетикӣ дар ҷумҳурии мо яке аз сабабҳои дастрасии мушкили қувваи барқ ва ҷорӣ шудани маҳдудият дар фаслҳои тирамоҳу зимистон гаштааст, ки баъзан вақт ба номуназзамӣ дар таъмини барқ дар фасли тобистон низ сабаб мегардад."

Мубтакирони таъсиси шабака меафзоянд: "Ин муаммоҳо ба он оварда расонданд, ки қувваи барқ (ба) предмети (мавзӯъи) ҳамагуна сӯиистифодаҳои ғаразнок ва баҳсҳо дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ (табдил) шуда ва қувваи энергетикӣ бошад, яке аз самтҳои номафҳум, гоҳо тасодуфии иқтисодиёти малакатамон гаштааст."

Зимнан, дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон Тоҷикистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ шуда ва интиқоли барқ ба сокинони манотиқи мухталифи кишвар бар асоси режа ё ҷирабандӣ анҷом мешавад.

Агар дар сойти "Барқ нест" дугмаи "Харита"-ро нохун занед, вазъи барқрасонӣ дар 25 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон дар рӯзи ворид шудан ба сойт рӯшан хоҳад шуд, ки бо рангҳои сиёҳ, сабз, сурх, зард ва заъфаронӣ соъатҳои интиқоли барқ нишон дода шудааст . Масалан, тибқи нақшаи рӯзи 22 феврал таъмини барқ навоҳии марказии Тоҷикистон то 5 соъат, вилояти Суғд то 6 соъат ва вилояти Хатлон то 7 соъат сурат мегирад.

Яъне, бад-ин тартиб ҳамакнун имкони муқоисаи арқоми масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар бораи таъмини барқ дар навоҳии кишвар бо вазъияти воқеъии барқрасонӣ фароҳам шудааст. Масъулони Иттиҳодияи масрафкунандагони Тоҷикистон гуфтанд, ки феълан дар 25 ноҳияи вилоёти Суғд, Хатлон ва навоҳии марказии кишвар довталабон дар бораи вазъи интиқоли барқ дар шабонарӯз ба ин сойт иттилоъ медиҳанд.

Дар сурати пайдо шудани сармояи зарурӣ дар вилояти Бадахшон ва навоҳии дигари Тоҷикистон довталабон барои иҷрои ин кор истихдом хоҳанд шуд. Ҳоло бо сойти "Барқ нест" дар Душанбе 5 нафар ва дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Хуҷанд сенафарӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Коршиносон таъсиси ин шабакаро барои таъмини назорати ҷомеъаи маданӣ бар вазъияти барқрасонӣ ва мубориза бо фасод дар арсаи энержии Тоҷикистон, ки аз бахшҳои пурдаромад ва фасодзадаи иқтисоди миллӣ унвон мешавад, бисёр ҳоизи аҳаммият медонанд.

Тоҷикистон кишваре саршор аз энержии обист, вале бахши аъзаме аз мардуми ин кишвар бавижа дар фасли зимистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ рӯбарӯ ҳастанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi