04:01:50 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР БИШКЕК: "БАСТАНИ МАКТАБҲОИ ТОҶИКӢ ТАРАФДОР НАДОРАД"

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон аз ин ки гурӯҳҳое дар ин кишвар "алоқаманди тафриқаандозӣ" миёни сокинони тоҷиктабор ва қирғизи ин кишвар ҳастанд, ибрози нигаронӣ кардааст.

tajik_organizationАсомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек, ин суханонро дар вокуниш ба пешниҳоди бархе аз намояндагони порлумони Қирғизистон дар бораи зарурати баста шудани мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишвар иброз дошт. Ин диплумоти тоҷик дар Қирғизистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки қарор аст дар робита бо ин мавзӯъ ба вазорати хориҷаи ин кишвар аз сафорат ёддоште ирсол шавад.

Бино ба гузоришҳои расида аз Қирғизистон, рӯзи 17 феврал дар ҷаласаи Ҷогоргу Кенеши (порлумони) Қирғизистон намояндагони фроксиюни "Ҷумҳурӣ" аз ин, ки "дар бархе аз мактабҳо дар ҷануби кишвар шогирдон аз рӯйи китобҳои дарсии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дарс меомӯзанд" ибрози норизоятӣ кардаанд.

Аз ҷумла, бино ба гузориши хабаргузории "АКИпресс", Канатбек Исоев, раиси ин фроксиюн, гуфтааст: "Дар бархе аз мактабҳои ноҳияи Ботканд шогирдони мактабҳо аз рӯи китобҳои расида аз Тоҷикистон ва дар ноҳияи Ош бархе аз мактабҳо аз рӯи китобҳои Ӯзбакистон дарс мехонанд."

Хабаргузории "24кг" дар истинод ба суханони Чолпон Султонбекова, намояндаи ин фроксиюн, менависад: "Бояд мактабҳое, ки дар қаламрави Қирғизистон ба шогирдон аз рӯйи китобҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ дарс медиҳанд, баста шаванд. Чаро мо бояд мактабҳоеро маблағгузорӣ кунем, ки фарҳанг ва идеулужии кишварҳои дигарро таблиғ мекунанд?"

Вай афзудааст: "Дар ин мактабҳо шогирдон намедонанд, ки раиси ҷумҳурии Қирғизистон кист, аммо раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро мешиносанд."

Аммо Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, гуфт, ки вазорати маъорифи Қирғизистон натавонистааст барои мактабҳои тоҷикӣ китобҳоро таъмин кунад ва мушкили камбуди китобҳо барои мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишвар солҳо боз матраҳ будааст.

Оқои Саидов гуфт: "Қабл аз ин, ки намояндагони порлумон чунин суханрониҳо кунанд, бояд донанд, ки вазифаи вазорати маъорифи Қирғизистон аст, ки барои шогирдони мактабҳояшон китобҳои мавриди ниёзро таъмин кунад. Мо бо азобу машаққат барои ин мактабҳо китоб пайдо карда овардем."

Бино ба гузориши "АКИпресс", Мухтор Орозбеков, вазири маъорифи Қирғизистон, мушкилоти марбут ба камбуди китоб дар ин кишварро таъйид карда ва гуфтааст: "Ин вазъият ба камбуди китоб дар кишвар марбут аст, зеро ҳоло вазорати маъориф метавонад танҳо 56 дарсад аз ниёзҳои мактабҳои кишвар ба китобро бароварда созад."

Гуфта мешавад мавзӯъи бастани мактабҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ дар Қирғизистон қаблан ҳам матраҳ буд, вале сафири Тоҷикистон дар Бишкек мегӯяд, ки ин гуна идеҳо дар ин кишвар тарафдор надоранд.

Аммо ба гуфтаи оқои Саидов, ин бор ин мавзӯъ пас аз он матраҳ шуда, ки вай мушкили камбуди мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистонро ахиран бо вазорати маъорифи ин кишвар матраҳ кардааст.

Вай гуфт: "Пеш аз ин ҷаласаи порлумон буд, ки ман бо вазири маъорифи Қирғизистон вохӯрӣ доштам ва мавзӯъи камбуди мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишварро матраҳ кардам."

Шумори ҷамъияти тоҷикон дар Қирғизистон ҳудуди 54 ҳазор нафар буда ва дар ин кишвар танҳо ҳафт мактаби тоҷикӣ фаъъол будааст. Ин дар ҳолест, ки шумори ҷамъияти қирғизтабори Тоҷикистон ҳудуди 56 ҳазор буда ва ба гуфтаи манобеъи расмӣ, дар ин кишвар 37 мактаби қирғизӣ фаъъолият мекунад.

Баҳси мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон дар ҳолест, ки дар поёни соли гузашта дар ноҳияи Ботканд байни тоҷикон ва қирғизҳо ихтилфоте буруз карда ва боъис шуд, ки вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон аз танишҳои қавмӣ дар манотиқи марзии миёни ду кишвар ибрози нигаронӣ кунанд.

Рӯзҳои 29 ва 30 декабри соли ҷорӣ дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон байни тоҷикону қирғизҳои ин кишвар даргирие рух дод, вале дертар гуфта шуд, ки ин мухолифат ҷанбаи сиёсӣ надошта, балки аз носозгориҳои иҷтимоъӣ маншаъ гирифтааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi