16:18:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЯКЕ АЗ ЁРОНИ "ХӮҶА-КОМАНДИР" ЗИНДОНӢ ШУД

Додгоҳи Хатлон Шӯҳрат Раззоқов, як тан аз ёрони Хӯҷа Каримовро муҷрим шинохта, равонаи зиндон кард. Шӯҳрат Раззоқови 37-сола, хоҳарзода ва яке аз муҳофизони фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа Каримов дар куштори ду нафар, узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, латукӯб ва гаравгонгирӣ муттаҳам шудааст.

khuja komandirАлишон Қурбонов, додраси мурофиа аз додгоҳи Хатлон, зимни эълони ҳукм гуфт, азбаски ҷиноятҳои содиркардаи Шӯҳрат Раззоқов ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд, нисбат ба ӯ қонуни афви соли 1998 татбиқ гардида, аз ҳукми тӯлонии ин ҷангии собиқ 5 солаш ихтисор шудааст. Бо ҳукми додгоҳ, Раззоқов 4 соли аввал дар зиндони низомаш шадид ва 6 соли боқимондаашро дар низоми умумӣ сипарӣ хоҳад кард.

Намояндаи додситонии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо мо гуфт, Шӯҳрат Раззоқов авоили соли 1994-ум Маҳмадулло Сайруллоев ва Фарҳод Шукуровро, ки муҳофизони генерал Шукуров, собиқ вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон будаанд, як моҳ дар ҳаммомхонае дар асорат нигоҳ дошта, пасон онҳоро дар ҳудуди деҳаи Сумбулаи ноҳияи Хуросон кушта ва ҷасадашонро сӯзонидаанд.

Манбаъ афзуд: “Аз сабаби он, ки аввалҳои моҳи ноябри соли 1993 дар ҳудуди ноҳияи Бохтар шахсони номаълум сӯйиқасди куштари Каримов Х. ва ҳамроҳони ӯро кардаанд, Каримов ва ҳамроҳонаш чунин меҳисобиданд, ки ин амали ҷинояткорона кори дасти Шукуров Тағойхон ва хешу табору муҳофизатгаронаш мебошад. Азбаски Сайруллоев М. муҳофиз ва Шукуров Ф. ҷияни Т. Шукуров буд, мақсад мегузоранд, ки онҳоро ба ҳалокат расонанд. Шӯҳрат Раззоқов низ дар гаравгонгирӣ ва қатли ин ду нафар бевосита даст дорад”.

Аммо маҳкумшуда Шӯҳрат Раззоқов дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншуда беасос буда, ӯ худро бегуноҳ меҳисобад. Зимнан, адвокат Ғулом Бобоев аз додгоҳ талаби озодии нафари зерҳимояташро кардааст.

“Ман аз додгоҳ “сафед” эътироф шудани Раззоқовро пурсидам. Чунки вай худашро бегуноҳ мешуморад ва бар асоси қонуни адвокатура, ман ҳам мавқеи ҳимояшавандаи худро дастгирӣ кардам. Ҳоло нусхаи ҳукм ба дастамон нарасидааст ва ин ҳукми додгоҳ қувваи қонунӣ нагирифтааст. Аз ин рӯ, имкон дорад, ки мо ба додгоҳи зинаи болои шикояти кассатсионӣ нависем”, - гуфт Ғ. Бобоев.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Шӯҳрат Раззоқов то моҳи ноябри соли 2011, яъне то замони боздошташ, дар кофтукови байнулмилалӣ будааст. Шӯҳрат Раззоқов аз охирин аъзои гурӯҳи Хӯҷа Каримов будааст, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Додситонӣ мегӯяд, ки пайравони дигари ин гурӯҳ то ин замон равонаи зиндон гардида, пас аз адои ҷазо, ҳоло дар озодӣ ба сар мебаранд.

Аммо ҷаноби Раззоқов дар додгоҳ гуфт, ки ӯ гуноҳ надорад. Худи Хӯҷа Каримов ҳам 12 сол боз дар хориҷ аз кишвар дар ҳоли фирор ба сар мебарад ва Душанбе  тавассути Интерпол ӯро ҷустуҷӯ мекунад. Хӯҷа Каримов, маъруф ба лақаби Хӯҷа-командир, барои, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, даст доштанаш дар чандин ҷиноят дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 дар Тоҷикистон мавриди пайгард қарор гирифтааст.

Акс ва мушаххасоти Каримов дар торнамои интернетии Интерпол нашр шуда, гуфта мешавад, вай гумонбаршудаи ҷиноятҳо зидди ҳаёт ва саломатии инсонҳо, одамрабоӣ, ҷиноятҳои созмондодашуда ва фаромиллӣ мебошад. Каримов ба куштор ва ғоратгарӣ низ айбдор мешавад.

Хӯҷа Каримов қабл аз фирораш ноиби аввали фармондеҳи бригадаи махсус дар Вазорати дифоъ ва раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон буд. Тақрибан дар соли 1999 Каримов Тоҷикистонро тарк кард.

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi