08:37:46 02-уми Июли 2025 сол

БАРКАНОРИИ ИМОМ-ХАТИБОНИ "НОУСТУВОР" ДАР ТОҶИКИСТОН

Бино бар хабарҳо, дар масҷидҳои Тоҷикистон як раванди қадам ба қадами табдили имом-хатибон ҷараён дорад. Васоити ахбори ом дар ҳоле ба ин раванд таваҷҷӯҳ карданд, ки хабари барканории Домулло Абдураҳим (Раҳим Назаров), имом-хатиби масҷиди "Қазоқон" дар шаҳри Душанбе расонаӣ шуд.

mullaВай дар сӯҳбат бо мо барканорияшро тасдиқ кард ва гуфт, ҳанӯз аввалҳои моҳи декабри соли гузашта дархости истеъфо карда буд, замоне ки Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди Тӯраҷонзодаҳо баёния паҳн карда, аз ҳамаи имом-хатибон хост, онро дар намози ҷумъа қироат кунанд.

Аммо Домулло Абдураҳим ин баёнияро барои он ки, ба гуфтаи ӯ, далел надорад, қироат накардааст. Ӯ афзуд, “санаи 12-уми декабри соли гузашта муроҷиат кардам, то маро аз имом-хатибӣ бигиранд. Вале гуфта буданд, ки ҳоло вақташ нест. Агар не, ман ҳамон замон рафтанӣ будам. Ҳатто як муддат рухсатӣ ҳам гирифтам.”

Домулло Абдураҳим дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ӯ рӯзи шанбеи гузашта (11-уми феврал) ба Кумитаи дини Тоҷикистон рафт ва аз онҳо хост, дар масҷиди "Қазоқон" нафари воизро имом-хатиб таъин бикунанд. Зеро ба гуфтаи вай, "ин масҷид, агарчӣ дар гузашта хурду камодам буд, ҳоло шӯҳрати ҷумҳуриявӣ дорад. Гуфтам, мардумеро гузоред, ки намозгузоронро пароканда накунад."

Номи ин рӯҳонии тоҷик ҳанӯз чанд сол пеш, замоне ки бо пайравони ҷараёни "Салафия" баҳс карда, аз мазҳаби ҳанафӣ ҷонибдорӣ мекард, рӯи забонҳо омад. Вай ҳамчунин дар сӯҳбатҳои чандин расонаи ахбори ом дар мавзӯъҳои динӣ ба ҳайси коршинос ширкат карда, яке аз журналистони русзабони Тоҷикистон чанд моҳ пеш дар шабакаи Фейсбук аз ӯ ҳамчун донандаи хуби улуми динӣ ва шахси дорои дидгоҳҳои мӯътадил ситоиш карда буд.

Вале ҳоло танҳо ӯ нест, ки дар се моҳи ахир аз имом-хатибӣ барканор шудааст. Ҳамчунин, Абдумалик Саидов аз имом-хатибии масҷиди "Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд" канор рафта, ҷойи ӯро Ҳамдуллои Раҳимзода, имом-хатиби пешини масҷиди марказии шаҳри Душанбе гирифтааст.

Аз ин пештар дар ноҳияи Ашту Рӯдакӣ ва бархе аз ноҳияҳои дигар чанде аз имом-хатибон низ аз кор ронда шуданд. Ҳарчанд мақомот иллатҳои ин барканориро шарҳ намедиҳанд, вале хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо бовар доранд, ки ин гурӯҳи имом-хатибон барои ҳимоят аз онҳо барканор шудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ