16:37:02 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФАРОХОНИ САРБОЗОНИ СУҒДӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО МЕҲТАРСОЛОРӢ

Гурӯҳе аз сарбозони ягонҳои низомӣ дар шимоли Тоҷикистон дар фарохоне аз ҳамхидматони худ хостаанд, ки ба меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" дар артиш хотима диҳанд. Дар ин бора сойти дафтари матбуъотии раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст. Дар ин баёния омадааст, ки яке аз авомили аз хидмати Ватан сарпечӣ кардани аксари ҷавонон ҳамин "зуҳуроти ноҷавонмардонаи калонгарӣ" (меҳтарсолорӣ) дар артиш аст.

tajik armyАз ҷумла, ин сарбозон навиштаанд: "Мо фарзандони як Ватан, фарзандони як модарем, ки Тоҷикистон ном дорад. Агар дар ду сол хидмати Ватан ба ҷойи калонгариву ҷаҳлу зулмат дӯстӣ варзему обу тоб ёбем, бо ҳамдигар бародарона рафтор кунему донишу маърифат омӯзем, ояндаи кишвари худро ҳусну равнақ, файзу баракат мебахшем."

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: "Мо сарбозони собиқаи яксолаву бештари хидмати низомӣ дошта агар аз навдаъватшудагон бародарвор истиқбол кунем, ба онҳо меҳрубониву раҳму шафқат зоҳир намоем, онҳо низ нисбат ба мо эҳтирому самимияти бепоён нишон хоҳанд дод ва шаҳди ин эҳтиромотро баъди адои хидмати ҳарбӣ низ хоҳем чашид."

Сарбозон дар афзудаанд: "Бародарон! Биёед, бо гиромидошти ҳама ойинҳову суннатҳо ва муқаддасоти аҷдодӣ аз Артиши миллиамон заҳрпечаки калонгариро комилан решакан намоем. Ба ҷойи он тухми меҳру шафқат, шарафу номуси баланд, ифтихору худшиносии миллиро бикорем."

Дар хотимаи ин баёния сарбозон навиштаанд, ки ин иқдом, ин ҷунбишро зери унвони "Бародарон" созмон дода ва бовар доранд, ки тамоми сарбозони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо онҳо "ҳамроҳу ҳамсадо" хоҳанд шуд. Дар гузашта низ сарбозони ягонҳои дигари низомӣ дар Тоҷикистон барои аз байн бурдани меҳтарсолорӣ ба ҳамхидматони худ чунин дархостҳо ва баёнияҳое интишор дода буданд.

Ҳамасола бо судури фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мавсими баҳор ва пойиз навҷавононе, ки тоза ба синни 18 расидаанд ва шаҳрвандони бузургтаре, ки "ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд", ба хидмати ҳатмии сарбозӣ фаро хонда мешаванд.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон дар мавсими сарбозгирӣ масъулони маҳаллӣ ҷавононро бо шеваи "гирудор" ё "облава" ва бо истифода аз зӯр ва хушунат ба артиш мефиристанд. Коршиносон гуфтаанд, ки ин аз намунаҳои боризи нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, мақомоти давлатӣ ҳамвора мавориди зиёди ибтилои сарбозон ба бемориҳои мухталиф дар артиш ва ҳамчунин меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва хушунат дар миёни низомиёнро, ки мӯҷиби маргу мири бисёре аз навсарбозон мешавад, аз ҷомеъа пинҳон медоранд.

Ҳатто рӯзноманигороне, ки ин мавзӯъро бозтоб медиҳанд, мегӯянд, ки дар гузашта пас аз навиштани гузоришҳое дар ин бора ҳамвора таҳти таъқибу фишор қарор гирифтаанд.

Дар устони Суғд қаблан аз мавориди зиёди боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонон ба артиш гузориш мешуд, вале манобеъи кумисериёи низомии вилоят мегӯянд дар солҳои ахир шароит дар воҳидҳои низомӣ беҳтар шуда ва ҷавонон бештар ба таври довталабона ба артиш мераванд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi