08:39:01 06-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ИФТИТОҲИ РАВЗАНА БА АМРИКО ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

Роҳбари бахши робита бо ҷомеъаи сафорати Амрико Весли Робертсон дар маросими расмии ифтитоҳи  аввалин Равзана ба Амрико дар ноҳияи Файзобод ширкат варзид. Равзана ба Амрико кӯшиши муштараки ҳукумати маҳалии шаҳраки Файзобод ва сафорати Амрико мебошад.

faizobod_usa

Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов, ҷонишини раис Сайбӣ Раҷабова, хатмкунандаи барномаи мубодилаи Департаменти давлатӣ Умед Раҳимов ва инчунин муаллимон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ҳукумати маҳаллии Файзобод утоқеро дар маркази нави ҷавонон ба китобхонаи хурд табдил дод ва сафорат чор компютер, мизҳо барои компютер ва инчунин маводҳо ба забони англисӣ ва брошураҳо дар бораи ҳаёт дар Амрико ва барномаҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешаванд, тақдим намуд.

Ихтиёриён аз гӯшаи Амрикои шаҳри Душанбе дар ҳамроҳӣ бо муаллимони забони англисии амрикоӣ, ки аз тарафи сафорат дастгирӣ шудаанд, ба ин «Равзана ба Амрико» ташриф оварда, ба муаллимон ва донишҷуён онро муаррифӣ намуданд. Кормандони гӯшаи Амрикои Душанбе барои муаррифии он ва дастрас намудани китобҳо ва маводҳои забони англисӣ ҳар моҳ ба ноҳияи Файзобод ташриф хоҳанд овард.

Инчунин, лекторон ва муаллимони забони англисӣ аз сафорати Амрико ба Равзанаи Амрикои ноҳияи Файзобод ташриф оварда, бо донишҷӯён дар мавзӯҳои гуногун оид ба ҳаёт дар Амрико, фарҳанг, маслиҳатҳои омӯзишӣ, барномаҳое, ки аз тарафи ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешаванд ва семинарҳо барои муаллимон, сӯҳбатҳо хоҳанд орост.

Дар маросими ифтитоҳ, ҷаноби Весли Робертсон чунин қайд намуд: «Мо умедворем, ки нафарони зиёди тоҷик ва амрикоӣ ба ин «Равзанаи Амрико» ташриф оварда, барои сохтмони пули ҳамдигарфаҳмӣ байни ду кишварро мусоидат хоҳанд кард. Мо дустӣ ва ҳамкории шуморо хеле қадрдонӣ мекунем ва мунтазири боз чандин ташрифҳо ба «Равзанаи Амрико»-и ноҳияи Файзобод мешавем, то ки дӯстии мо боз ҳам мустаҳкамтар гардад».

Гӯшаҳои Амрико ва «Равзанаҳо ба Амрико» яке аз воситаҳое мебошанд, ки тавассути онҳо мардуми Амрико маорифи Тоҷикистон ва ҷавонони деҳотро дастгирӣ менамояд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi