12:19:57 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МОҲВОРА МУҲИМ Ё СИФАТИ НАМОИШИ ТЕЛЕВИЗОНҲОИ ТОҶИК?

Шурӯъ аз 6-уми феврал нишондодҳои техникии моҳвораи шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон иваз мешавад. Мутахассисони ширкати "Телерадиоком" ин иқдомро як гоми пештар ба сӯи пахши комили барномаҳои рақамӣ унвон мекунанд. Вале барои бинандагони телевизионҳои кишвар, ки аз моҳвора тамошо мекунанд, дарёфти ин шабакаҳо осон даст намедиҳад.

mohvoraАгар баъзе аз тамошобинон маҷбур шаванд, ки база ё сатилити телевизиони худро иваз кунанд, баъзеҳоро лозим меояд, то асбоби махсус харидорӣ намояд. Дар ҳоли ҳозир тақрибан аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон, хусусан сокиноне, ки дар манзилҳои бисёрошёна ба сар мебаранд, аз тариқи моҳвора шабакаҳоро тамошо мекунанд.

Хуршед Ҳабибов, муовини аввали раиси ширкати "Телерадиоком"-и Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон гуфт, "ҳадафи мо ҳар чӣ пештар расидан ба пахши пурраи рақамӣ дар сартосари кишвар аст."

Вай афзуд, "шурӯъ аз 6-уми феврал сокинони кишвар шабакаҳои телевизони давлатиро рӯи мавҷи ба истилоҳ "Digital Video Brodcating Satellite 2", яъне рӯи моҳвораи пахши рақамии наворҳо тамошо хоҳанд кард."

Вале пурсида мешавад, барои тамошои барномаҳо рӯи ин шароити ҷадид бинандаи телевизион чӣ кореро анҷом диҳад ё ин, ки ин дигаргунӣ зарурат ба ҳеҷ амалеро надорад?

​​Хуршед Ҳабибов, муовини аввали раиси "Телерадиоком" мегӯяд: "Ҳамон базаҳо ё сатилитҳои моҳвораии мардум, ки тавони қабули стандарти DVBS-2-ро надорад, бояд ҳатман иваз кунанд. Баъд барои ин сетабокс лозим меояд ва сетабоксҳо дар бозорҳои мо ёфт мешаванд. Нархи онҳо чандон гарон нест. Масалан, истеҳсоли чинӣ ҳудуди 30-40 доллар мебошад."

Вақте мо ба фурӯшгоҳи марказии пойтахт, ба қисмати фурӯши сатилитҳо омадем, як фурӯшанда гуфт, феълан дар Тоҷикистон сатилитҳое, ки стандарти DVBS-2-ро қабул кунанд, хеле кам аст ва нархи он на камтар аз 100 доллар мебошад.

​​Раиси созмони ғайридавлатии "Хома" Шаҳло Акобирова мегӯяд, раванди рақамӣ шудани шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон чандон шаффоф ва рӯшан сурат намегирад. Ҳоло танҳо чаҳор шабакаи давлатӣ шомил шудаанд, вале дар бораи телевизониҳои хусусӣ ҳеҷ ҳарфе зада намешавад.

Хонум Акобирова меафзояд, сарфи назар аз ин ҳама бояд сифату шаклу мӯҳтавои барномаҳо беҳтар карда шаванд: "Аммо маъалаи дигар ин аст, ки чӣ маводе шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пешинҳод мекунанд ва бо чӣ намоишу барномаҳо 24 соати эфир пур карда мешавад? Инҳо аз масъалаҳои умдае ҳастанд, ки бояд масъулони телевизион сари он фикр кунанд."

Дар зимн, солҳои ахир дар робита ба сифату мӯҳтаво ва мавзӯъҳое, ки шабакаҳои телевизонӣ дар Тоҷикистон пӯшиш медиҳанд, тақиқоте анҷом дода нашудааст. Бозрасие низ сурат нагирифтааст, ки шумораи бинандагони ин шабакаҳоро маълум кунад.

Танҳо дар соли 2006 созмони ғайридавлатии "Хома" як таҳқиқот анҷом дода ва маълум мешавад, ки аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон аз тариқи моҳвора шабакаҳои телевизонии ҷаҳонро дунбол мекардаанд.

​​Рӯзноманигори тоҷик Фазлиддин Асозода мегӯяд, агар масъулони ин чаҳор шабакаи телевизони Тоҷикистон, ки аз тариқи моҳвора барномаҳои худро пахш мекунанд, барномаҳои якрангу дилгиркунандаи худро тағйир надиҳанд, пахши барномаҳо дар моҳвораи рақамӣ бинандагони онҳоро бештар нахоҳад кард.

Ба қавли ҷаноби Асозода, ҳоло ба сурати умум шабакаҳои телевизони Тоҷикистон ба як минбари таърифу тавсиф ва тамаллуқи шахси президент табдил ёфтааст, ки дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ Эмомалӣ Раҳмон низ ба масъулони телевизиони Тоҷикистон таъкид кард, ки аз пахши такрорӣ ва ситоишномаҳои президент худдорӣ карда шавад.

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi