19:06:41 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САКТАИ ҚАЛБӢ ДАР ПАЙИ ТАФТИШИ МАЪМУРОНИ ЗИДДИ ФАСОД

Ташрифи кормандони Оҷонси зидди фасод ба маркази таълимии калонсолони Қӯрғонтеппа бо фавти сарвари ин марказ анҷомид. Сарвари Маркази таълимии калонсолони Қӯрғонтеппа чанд дақиқа пас аз ин ки тақаллубкории муовинаш аз сӯи кормандони шӯъбаи мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Хатлон ошкор гардид, ба сактаи дил гирифтор шуда, дар утоқи кориаш реҳлат кард.

ришваАммо Баҳриддин Тоиров, сардори шӯъбаи мубориза бо коррупсия дар нақлиёти вилояти Хатлон гуфт, ҳадафи кормандони ин ниҳод ошкор кардани ҷинояти коррупсионии муовини раҳбари маркази таълимии калонсолони Қӯрғонтеппа Ташриф Хоҷаев будааст. Ба гуфтаи ҷаноби Тоиров, муовини раҳбари марказ барои омода кардани шаҳодатнома аз як шаҳрванд 130 сомонӣ пора гирифтааст.

"Як сокини ноҳияи Бохтар ба мо муроҷиат карда гуфт, ки муовини директори Маркази таълими калонсолон Ташриф Хоҷаев барои омода кардани шаҳодатнома бо ихтисоси "барқчӣ" ба ғайр аз 130 сомонӣ, боз 50 сомонӣ "ҳаққи хизмат" гирифтааст. Вақте кормандони мо ба марказ рафтанд, директори  марказ аз ин ҳодиса огоҳ шуда, ба утоқи кориаш даромадааст. Баъди чанд дақиқа барояш "Ёрии таъҷилӣ"-ро даъват мекунанд, аммо то омадани духтурон ӯ фавтидааст",-гуфт ҷаноби Тоиров.

Ҳоло додситонии Қӯрғонтеппа сабабҳои марги сарвари маркази таълимии калонсолони ин шаҳрро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ба гуфтаи манобеи додситонӣ, ин фарзия низ таҳқиқ мешавад, ки сактаи қалби марҳум Ҷумъахон Сониев дар пайи фишорҳои равонии кормандони Оҷонсии зидди фасод сар задааст ё чизи дигар.

Марҳум Ҷумъахон Сониеви 56-сола аз муаллифони аслии идеяи таъсиси "Маркази давлатии таълими калонсолони Тоҷикистон" будааст. Муассисае, ки ба шаҳрвандон 18 касбу кори гуногунро дар мӯҳлати кӯтоҳ омӯзонида, барояшон шаҳодатномаи давлатӣ медиҳад.

Ҳоло нисбат ба муовини раиси Маркази таълимии калонсолони Қӯрғонтеппа Ташриф Хоҷаев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯро дар "сохтакории хизматӣ" муттаҳам мекунанд. Аммо ба иддаои Ҷӯрахон Мирзоев, муовини раиси Оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон, амалиёти идораи зиддикоррупсионӣ қасдан тарҳрезишуда будааст.

Ӯ аз ҷумла гуфт, "нархи аслии таҳсил дар курси "барқчӣ" дар маркази мазкур на 51, балки 110 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин нархномаро бахши ҷумҳуриявии агентии мо тасдиқ кардааст. Тибқи низомнома, агар шаҳрванд дар назди комиссияи босалоҳияти марказ аз имтиҳон гузарад, метавонад таҳсил накарда ҳам шаҳодатномаи ихтисоси доштаашро бигирад. Ҳамон шаҳрванд, ки ба Хоҷаев муроҷиат кардааст, худаш барқчӣ мебошад, солҳо дар Русия бо ҳамин кор машғул шудааст. Вай худаш 50 сомонӣ гӯиё чойпулӣ гуфта додааст..."

Ҷаноби Мирзоев афзуд, одатан ба маркази таълимии калонсолон муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандоне, ки дорои маълумоти олӣ ё махсуси касбӣ нестанд, муроҷиат мекунанд, зеро бо доштани шаҳодатномаи махсуси ин марказ, пайдо кардани ҷойи корӣ осонтар будааст.

Масъулони маркази таълимии калонсолон мегӯянд, ин якумин ва ягона мавридест, ки кормандони марказ дар тақаллубкорӣ муттаҳам мешаванд. Аммо муфаттишони парвандаи Ташриф Хоҷаев мегӯянд, дар ҷараёни тафтиши утоқи кории ӯ боз чанд шаҳодатномаи шубҳаовар низ дарёфт ва мусодира шуда, мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Сарфи назар аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ, ҳоло Ташриф Хоҷаев бо шарти худсарона тарк накардани маҳалли иқоматаш дар озодӣ буда, дар сурати собит шудани гуноҳаш дар додгоҳ, ӯро ҷазои пардохти ҷаримаи баробар ба 500 маоши ҳадди ақал (тақрибан 3650 доллар) интизор хоҳад буд.

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi