09:20:46 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28

ДАСТИКАМ ПАНҶ КУШТА ДАР ЯК СОНЕҲА ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ-ЧАНОҚ

 

Дар сонеҳаи роҳ дар масири Душанбе-Чаноқ дастикам панҷ нафар кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шудаанд. Тибқи иттилоъи пулиси Тоҷикистон, ин сонеҳа рӯзи душанбеи 30 январ дар фосилаи 123-килуметрии ин масир дар минтақаи Сафедорак, дар ноҳияи Айнӣ, рух додааст.

autoГуфта мешавад, ки як минибуси сохти чинӣ ба самти муқобили ҷодда баромада ва бо худрави “Жигули” бархӯрдааст. Сипас, ин минибус бо як худрави навъи Митсубиши Паҷеро бархӯрдааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки шиддати ин бархӯрд то ҳадде буда, ки худрави Митсубишӣ аз баландии 35 метр ба рӯдхонаи Фондарё сарозер шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса, ронандаи Митсубишӣ ва ду мусофири ин худрав, аз ҷумла, як духтари панҷсола дар рӯдхона ғарқ шудаанд ва ҷустуҷӯйи аҷсоди онҳо идома дорад. Ҷасади як мусофири дигари ин мошин пайдо шудааст, вале маъмурони пулис ба дунболи ошкор кардани шахсияти ин фард ҳастанд.

Ҳамчунин, дар пайи ин ҳодиса як мусофири дигари минибус низ кушта шудааст. Пулис мегӯяд, ки панҷ нафар мусофири дигари ин минибус ва “Жигули” низ ҷароҳатҳо бардошта ва ба бемористон мунтақил шудаанд. Дар ҳамин ҳол, шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки теъдоди кушташудагон дар ин ҳодиса бештар аз панҷ нафар аст.

Як сокини ноҳияи Айнӣ, ки пас аз вуқӯъи ин ҳодиса аз ин минтақаи ҷоддаи Душанбе-Чаноқ убур мекард, мегӯяд, ки мусофирон ва ронандагони худравҳои дигар дар маҳалли ҳодиса, барои наҷоти осебдидагони ин сонеҳа кумак мекарданд ва дастикам нӯҳ ҷасади осебдидагон аз рӯдхона ва канори он берун кашида шуд. Вале ин хабар аз сӯйи пулиси Тоҷикистон рад шуд.

Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи расонаҳои гурӯҳӣ, рӯзи душанбеи 30 январ дар пайи бориши барфи зиёд ҳаракати васоили ҳамлу нақл тавассути гарданаи Шаҳристон дар масири Душанбе-Чаноқ масдуд шуда буд. Манобеъи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон гуфтанд, ки ниҳодҳои вижа ба пок кардани ин минтақаи роҳ аз барф машғуланд ва дар имтидоди роҳ дар ин гардана ҳудуди 500 комюну худрав ҷамъ шудаанд.

Ба ин далел, пулиси роҳ танҳо ҳаракати васоили нақлия аз водии Зарафшон ба самти шаҳри Душанберо иҷоза медиҳад. Зимнан, ҷоддаи Душанбе-Чаноқ яке аз душворгузартарин роҳҳои утумубилгарди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳамасола дар ин масир дар сонеҳаҳо даҳҳо нафар мусофир ва ронандагон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ҳарчанд ин ҷодда ахиран аз сӯйи роҳсозони чинӣ бозсозӣ шуд, вале бо ин вуҷуд мушкилоти ҳаракати васоили ҳамлу нақл тавассути ин масир, бавижа дар фасли зимистон, боқӣ мондааст. Манобеъи Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ тунели Шаҳристон, ки аз сӯйи ширкати “Чойно роуд”-и Чин сохта мешавад, мавриди истифода қарор мегирад ва ин амр ба коҳиши хатароти ношӣ аз сонеҳа дар ин масир мунҷар хоҳад шуд.

Ин ҷодда танҳо роҳи заминист, ки вилояти Суғдро бо манотиқи дигари Тоҷикистон мепайвандад. Ба далели гаронии қимати билети парвози ҳавопаймо бештари сокинон ночор мешаванд барои рафту омад аз роҳи заминӣ истифода кунанд.

Дар гузашта, дар фасли зимистон ин масир масдуд мешуд ва сокинон барои рафту омад ба вилояти Суғд аз қаламрави Узбакистон истифода мекарданд. Вале роҳандозои муқаррароти раводид миёни ин ду кишвар дар соли 2000 боъис шуд, ки мардум аз ин масири сафар худдорӣ кунанд.

Би-Би-Си


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi