11:53:53 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАҲМОНОВ: ШИОРИ МАН 'ЁРӢ ҲАМ БА ОМӮЗГОР, ҲАМ БА ДОНИШҶӮ' АСТ

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири собиқи омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон ва аз хабарсозтарин вузарои як соли ахир дар ин кишвар, мегӯяд, ки аз барканорӣ аз вазифааш норозӣ нест. Оқои Раҳмонов дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо ҳамкорамон Шамсияи Қосим дар бораи бурду бохти фаъъолияти худ дар симмати вазири омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон сӯҳбат кард:

-Рафтани Шумо аз вазифаи Вазири маъориф ғайримунтазира буд ё хайр? Чун Шумо дақиқан як рӯз пеш аз барканорӣ аз симати вазир дар нишасте матбуъотӣ аз барномаҳои ояндаи худ сӯҳбат мекардед.

rahmonov-Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки мо ба монанди як сарбоз ҳастем. Ҳар ҷо ки сарвари давлат таъйин кунанд, мо онҷо омода ҳастем анҷоми вазифа кунем. Ҳафт сол ман ҳамчун вазир кор кардам. Хубу бад, каму зиёд, аммо барои Ватан кор кардам, сиёсати маъорифпарваронаи президентро амалӣ мекардам.

Ташаккур мекунам ҳам аз президент ва аз ҳукумат барои ҳамкорӣ ва аз барканор шуданам ҳам розӣ ҳастам. Умед аст, ба инҷо ҳам, ки омадам, барои Ватан, барои мардум, кор мекунам. Хушҳолам, ки боз бо омӯзгорон ҳастам, боз бо донишҷӯён ҳастам.

-Шумо шояд аз хабарсозтарин вузаро дар соли 2011 дар Тоҷикистон будед ва матолиби зиёди интиқодӣ ҳам дар бораи фаъъолияти Шумо чоп шудааст. Назари Шумо ба ин чи гуна аст ва аслан вузаро матолиберо, ки дар бораи онҳо дар матбуъот чоп мешавад, таҳвил мегиранд?

-Ман ба ҳамаи хабарнигорон, ки дар бораи соҳаи маъориф навиштаанд ва менависанд, изҳори ташаккур мекунам. Зеро ин ба он маъност, ки ба ин соҳа бетаваҷҷӯҳ нестанд. Хуб, гоҳе назарҳои субъективӣ низ буданд, ки гӯё онҳоро касе таҳмил карда бошад... Аммо ман ҳама гузоришҳоро мехондам ва хулоса кардам, ки албатта, маъориф бояд рушд кунад, вале одаме, ки дар бораи маъориф менависад, бояд худ аз ин соҳа (арса) каме бохабар бошад. Аз мушкилоташ беҳтар огоҳ бошад.

Маъориф бо инсон сару кор дорад ва маълум аст, ки инсонро дар як рӯз намешавад сохт. Вале коре, ки мо тавонистем анҷом диҳем, ин буд, ки низомро барқарор кардем. Ва ман бе муболиға гуфта метавонам, ки таҳаввулоте, ки дар муддати ин ҳафт сол дар низоми таҳсил шуд ба нафъи миллату Ватан аст.

Вале вақте сухан дар бораи ислоҳот ва таҷдидгароӣ меравад, шумо ҳар замонро нигоҳ кунед, дар ҳама давраҳо мавзӯъи наву кӯҳна ҳаст. Ин як баҳс ҳамеша дар тафаккури ҷомеъа вуҷуд доштааст ва дар муҳити замони ислоҳоти мо низ проблемаи (мушкили) наву кӯҳна ба вуҷуд омада буд. Бархе аз хабарнигорони муҳтарам, ки назари навро намепазиранд, фикр мекунанд ман назари шахсиямро ба онҳо таҳмил мекунам, гӯё мавзеъгирии ман танҳо ба назари ман вобаста аст.

Лекин воқеъият ин аст, ки маъориф ислоҳоти ҷиддӣ мехост ва албатта, ин дар як муддати кӯтоҳ анҷом намеёбад. Ба ҳар сурат, ба ҳама онҳое, ки назари некбинона доштанд, ташаккур мегӯям ва ба ҳама онҳое, ки назари муғризона ҳам доштанд, ташаккур мегӯям.

-Дақиқан наву кӯҳна, ки ишора кардед, ин марбут аст ба мавзӯъи дунявӣ ва мазҳабӣ?

-Не, не. Аслан ҳамаи мо, алҳамдуллилоҳ, мусулмон ҳастем. Вале назари некбинонаи ислом бояд ба инсон аз нигоҳи мафкура ва ахлоқ таъсир расонад, на аз нигоҳи зоҳир ва ҳар касе, ки дар низоми кори мо масъалаеро вобаста ба ислом дид, аз нигоҳи зоҳирпарастӣ дид ва матраҳ кард, рости гап.

Касе нагуфт, ки низоми ислом ҳам зоҳирӣ аст ва ҳам ботинӣ. Барои ҳамин Аллома Иқбол гуфтааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст аз мусулмонии мост!

Имрӯз мактаби мо бояд дар дунявияте бошад, ки аз нигоҳи инсонгароӣ ташаккул ёбад ва ҳамин дунявият тавассути инсонгароӣ оғоз ёфтааст. Албатта, вақт лозим аст, ки оҳиста-оҳиста шакл бигирад.

-Аммо ҳар тавр ки бошад, бархеҳо Шуморо ба динситезӣ муттаҳам мекунанд...

-Албатта, ин ба мавзӯъи сатру ҳиҷобу инҳо вобаста аст. Дин аз давлат ҷудо аст ва давлат низом ва сиёсати мактабро тавассути вазорати маъориф муъайян мекунад ва вазорати маъориф низоми янгонаи либосро муъайян кардааст. Мутаасифона, инро бародарону хоҳарони мусулмони мо дарк намекунанд.

Мо низомро ба тартиб меорем, аммо онҳо мегӯянд, ки ин назари шахсии Раҳмонов аст. Не, ин як низомест, ки барои ҷомеъаҳои мутамаддин зарурӣ аст ва он бояд дар як шакл бошад. Ва ин вазифаи вазорат аст, ки ин усулро танзим кунад ва табиъист, ки дар ин сурат ҳуҷумро ба шахси вазир мекунанд.

-Аммо, дарвоқеъ, ба ҷуз дар расонаҳо ҳамлаҳои лафзӣ ва ё таҳдидҳое аз сӯйи гурӯҳҳои мазҳабӣ ба Шумо нашуда?

-Не, не! Он ҷавҳари таҳаммулпазирие, ки дар мазҳаби мо, мазҳаби ҳанафия ҳаст, ки дар ҳама ҳолат таҳаммулпазириро таблиғ мекунад, ҳар ҷо ки баҳс кардаем, баҳси илмӣ кардаем. Онҳо ҳам донишмандони бисёр пурқуввате доранд дар фиқҳ, ки донишашон хеле мукаммал аст ва мо баъзан баҳсҳои фиқҳӣ мекардем. Шукри худо, ки ихтисоси ман имкон додааст, ки ман бо баъзе аз олимони муҳтарам дар мавзӯъи фиқҳ баҳс кунам.

-Дар замоне ки Шумо вазир будед, оё ришвагирӣ дар арсаи маъориф камтар шуд?

-Ин мушкил вуҷуд дошт ва, рости гап, давра ба давра коҳиш ёфт, кам шуд.

-Вале инро аз куҷо мешавад фаҳмид, ки кам шуд?

-Зеро донишҷӯ ба таҳсил рӯ овард. Вақте донишҷӯ ба таҳсил рӯ меорад, вай ҳатман имкон дорад бидуни ришва баҳо гирад. Масалан, то сатҳи вазир мебароянд ва мегӯянд, ки аз баҳои "чаҳор" розӣ нестанд, чун ба дониши худ бовар доранд. Пеш ин корҳо набуд.

Вақте мавзӯъи варақи холӣ не, балки дониш дубора матраҳ шуд, дар байн мусобиқа пайдо шуд ва барои донишҷӯён ба даст овардани дониш арзиш пайдо кард. Дар он ҳолат хоҳем-нахоҳем сатҳи ришвагирӣ кам мешавад. Зеро кӣ ришва медиҳад? Ҳамон бесавод ришва медиҳад. Теъдоди зиёди хонандагон, ки бо меҳнати (заҳмати) худ баҳо гиранд, зиёд шуданд. Дар чунин ҳолат хоҳед-нахоҳед сатҳи ришвадиҳӣ кам мешавад. Вақте ҳуқуқи муъаллим болотар мешавад, ё ӯ тағйири муносибати донишҷӯро ба таҳсил мебинад, нигоҳи ӯ низ ба ин масъала тағйир меёбад.

-Аммо дар мавриди камбуди омӯзгорон чӣ? Ахиран гуфтед, ки ҳоло фақат ба 34 омӯзгор ниёз вуҷуд дорад, аммо ба гуфтаи Шумо 900 омӯзгор дар мактабҳои ҳамагонӣ ҳоло ҷавононе ҳастанд, ки фақат саводи мактабӣ доранд. Оё ба инҳо омӯзгор гуфтан мумкин аст?

-Дуруст аст, аз рӯи маълумоти расмие, ки бо имзову мӯҳр ба мо фиристоданд, мо танҳо 34 омӯзгор кам дорем. Аммо ин аз нигоҳи миқдорӣ аст, аз нигоҳи сифатӣ рости гап, мо омӯзгороне дорем, ки танҳо маълумоти миёна доранд, вале омӯзгор шудаанд, ё маълумоти миёнаи касбӣ доранд ва омӯзгор шудаанд. Албатта, инҳо ба он дараҷа нестанд, ки панҷ сол таҳсил карданд, ё дар курсҳои ғоибона таҳсил карданд, яъне онҳо бояд такмили ихтисос кунанд, давраҳои омӯзиширо гузаранд.

-Онҳо, ки ҳанӯз омӯзгор нестанд, пас чаро мо онҳоро омӯзгор бояд бигӯем?

-Дуруст аст, онҳо бояд омӯзгор набошанд, ин фақат онҳое ҳастанд, ки мактабро бо баҳои аъло тамом карданд ва шароит надоранд, ки биёянд ва омӯзгорӣ бихонанд. Вале оҳиста-оҳиста мешавад онҳоро бо маблағи будҷе ё бурсия ба донишгоҳ ҷалб кард ва ин бояд зери назари ҳукумати маҳаллӣ бошад.

-Мушкил чи буд, ки ин мушкил то ҳоло ҳал нашуд?

-Албатта, мушкил маъош аст. Инро худи сарвари давлат дар ҳама ҷаласаҳо мегӯяд, аммо иқтидори будҷе ҳамин аст, ки ҳаст. Агар як соҳаро болотар кунанд, дар соҳаи дигар, масалан фарҳанг, ё тиб ё сарбозиву дигару дигар, поён меравад. Албатта афзалият(авлавият) ҳаст барои соҳаи маъориф, аммо он талаботи (ниёзи) иҷтимоъии омӯзгорро қонеъ карда наметавонад. Дар ин ҳолат мақомоти маҳаллӣ бояд роҳҳои ҳавасмандкунии омӯзгоронро пайдо кунанд. Мо қонуне ҳам қабул кардаем дар бораи имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон.

-Аммо ҳоло бештари бахшҳои донишгоҳҳо пулакӣ ҳастанд, намешавад аз ин ҳисоб ба омӯзгорон маъоши беҳтар бидиҳанд?

-Дуруст аст, аммо маблағи як донишгоҳ бо донишгоҳи дигар фарқ мекунад. Масалан, донишгоҳи омӯзгорӣ, донишкадаи забонҳо, донишкадаи санъат (ҳунар), донишкадаи варзиш. Аввал ин ки ба ин ҷо бештар аз табақаи камбизоъат меоянд. Дигар ин, ки маблағ дар инҷо кам аст. Яъне дар мо ихтисосҳои бозоргир вуҷуд доранд ва ихтисосҳое, ки барои ҷомеъа зарурӣ аст. Инро бояд давлат танзим кунад, маблағҳоро бештар кунад.

-Тавсияи асосии Шумо ба Нуриддин Саидов, вазири ҷадиди маъориф, чӣ аст?

-Аз вазири нав хоҳиш мекардем ва умед дорем, ки он таҷдидгароӣ, ки мо оғоз кардем, идома бидиҳанд. Нуриддин Саидов қобилият доранд, истеъдод доранд, аз ҳама зинаҳо гузаштаанд ва командае, ки доранд, ман боварии комил дорам, ки суръати ислоҳотро боз афзоиш бидиҳанд. Роҳҳои пайдо кардани грантҳо (кумакҳои билоъиваз) барои соҳаи маъорифро пайдо кунанд ва қарзҳои имтиёзноки давлатӣ барои соҳаи маъориф пайдо шавад, фикр мекунам, то соли 2015-2020 мушкилоти маъориф ҳал мешавад.

-Шумо аз коре, ки дар тӯли фаъъолияти худ ба унвони вазири маъориф анҷом додед, розӣ ҳастед?

-Бале. Хеле шод ва розӣ ҳастам, ки фиреб накардам, дурӯғ нагуфтам ва барои мардумам кор кардам.

-Аз симати нав, ки бар ӯҳдаи Шумо гузоштанд, хушатон меояд? Шумо худ инҷоро интихоб кардед?

-Машварат шуд, ки биёем инҷо ёрӣ расонем. Барои ман, албатта, кори сода аст инҷо, имконоташ бештар аст, зиёдтар аст. Кормандони инҷо бисёр некандешу қаноъатпеша ҳастанд. Бо инҳо кор кардан барои ман ифтихор аст.

-Шиори Шумо дар симати ҷадид чӣ хоҳад буд?

-Дасти ёрӣ дароз намудан ҳам ба омӯзгор, ҳам ба донишҷӯ !

-Сипос барои сӯҳбат.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi