03:10:59 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

“САНГТӮДА-1” ШИРКАТИ “БАРҚИ ТОҶИК”–РО БА ДОДГОҲ КАШИД

 

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, ки бештари саҳомаш ба давлати Русия мутаъаллиқ аст, ширкати “Барқи тоҷик”-ро ба додгоҳ кашидааст. Амирхоҷа Ғоибназаров, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 17 январ ин хабарро дар як нишасти матбуотӣ эълом кард.

SangtudaБа гуфтаи вай, “Сангтӯда-1” аз “Барқи тоҷик” хостааст панҷ милюн сомонии ин нерӯгоҳро баргардонад. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта эълом шуда буд, ки “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ҳудуди 200 милюн сомонӣ ё беш аз 41 милюн дулор бидеҳкор аст. Ба гуфтаи оқои Ғоибназаров, “Сангтӯда-1” шикояти худро ба додгоҳ рӯзи гузашта ироа кардааст, вале раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз эъломи ҷузъиёти дигари ин шикоят худдорӣ кард.

Масъулини нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” низ барои шарҳи ин мавзӯъ ҳозир нашуданд, ҳарчанд ироаи чунин шикоятеро таъйид карданд. Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” соли 2009 бо сармояи ҳудуди 500-милюндулории давлати Русия сохта шуд ва мавриди истифода қарор гирифт. 75 дарсади саҳоми ин нерӯгоҳ ба давлати Русия ва 25 дарсади он ба давлати Тоҷикистон таъаллуқ дорад.

Мудирияти ин нерӯгоҳро ширкати «ИНТЕР РАО ЕЭС» - и Русия ба уҳда дорад. Ин нерӯгоҳ солиёна то 15 дарсад аз нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Мавзӯъи пардохти қимати истифода аз нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ ба баҳси доғе миёни ду кишвар табдил шудааст.

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар тӯли се соли ахир ду маротиба эълом карданд, ки нақшаи пардохти ин маблағ таҳия шуда ва ин мушкил аз байн хоҳад рафт. Вале мизони бидеҳкории “Барқи тоҷик” танҳо афзоиш ёфтааст.

Дар гузашта масъулони ширкати “Барқи тоҷик” далели афзоиши мизони бидеҳиҳои худ аз “Сангтӯда-1”–ро гаронии арзиши барқи тавлиди ин нерӯгоҳ ва сареъан пардохт нашудани қимати барқ аз сӯйи муштариён дар кишвар арзёбӣ мекарданд.

Ин дар ҳолест, ки нархи як килувот/соъат барқи тавлиди “Сангтӯда-1” ҳудуди ду сенти омрикоӣ аст ва ин рақам дар созишномаи миёни ду кишвар дар соли 2009 сабт шудааст. Масъулони ширкати “Сангтӯда-1” изҳор доштанд, ки тағйири қимати барқи тавлиди ин нерӯгоҳ дар салоҳияти давлати Тоҷикистон ва Русия аст.

Аз сӯйи дигар, арзиши нерӯи барқ барои сокинони Тоҷикистон 9 дирам ё ҳудуди 2 сенти омрикоӣ барои ҳар як килувот/соъат аст. Гузашта аз ин, корхонаҳо ва ширкатҳо, ба ҷуз аз корхонаи олуминиюми Тоҷикистон, “Талко”, барои ҳар як килувот/соъат барқ 26 дирам пардохт мекунанд. Гузориш мешавад, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон аз 70 то 90 дарсади қимати барқи тавлидшуда ҷамъоварӣ шудааст.

Ба ин далел, бархе аз коршиносон ба шаффоф набудани наҳваи мудирият ва вуҷуди фасод дар фаъъолияти ширкати “Барқи тоҷик” ишора карда ва иддаъо доранд, ки ҳатто бо дарназардошти “зоеъ шудани миқдоре аз нерӯи барқ ба далоили фаннӣ”, ин ширкат набояд бидеҳкор бошад. Бахусус, ширкати “Талко”, ки ҳудуди 30 дарсади нерӯи барқи тавлидотӣ дар кишварро масраф мекунад, рӯзи душанбеи 16 январ хабар дод, ки ба ширкати “Барқи тоҷик” дигар бидеҳкор нест.

Тибқи иддаъои масъулони “Талко”, ин ширкат дар тӯли соли 2011 беш аз 143 милюн сомонӣ аз бидеҳиҳои худро, ки то соли 2005 ҷамъ шудаанд, пардохт карда ва гузашта аз ин маболиғеро низ пешпардохт кардааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi