17:46:03 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ САД РУСТО ХАТТИ БАРҚ НАДОРАД

 

Ҳудуди 100 русто дар навоҳии атрофи Кӯлоб тамоман хатти барқ надоранд. Инҳо деҳоти дурдасте мебошанд, ки иборат аз 5 то 30 хоҷагиро дар бар мегиранд. Аз ин ҳисоб 34 рустои хурд дар ноҳияи Шӯробод, 13 то дар Ховалинг 24 адад дар Балҷувон аст, ки ҷиҳати касногузар будан ба он мавзеъҳо кашидани хатти барқ мушкилоти зиёд дорад, мегӯяд Мирзо Исмоилов директори Ҷамъияти Саҳҳомии кушоди Шабакаҳои барқи Кӯлоб.

Чроги бобоиҶиҳати таъмини аҳолии ин гуна рустоҳои дурдаст се соли қабл президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супориши дар он мавзеъҳо сохтани нерӯгоҳҳои барқии хурди обиро дода буд. Ҳукуматҳои маҳал ва соҳибкорони алоҳида чанд адад чунин нерӯгоҳҳо сохта ба истифода доданд, аммо дар фасли сармо оби чашмаҳо ях баста ба фаолияти он нерӯгоҳҳо имкон намедиҳад.

Масалан ду сол қабл масъулини мазори ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг чунин як нерӯгоҳ сохта буданд, аммо ин нерӯгоҳ ягон киловатт нерӯйи барқ истеҳсол накарда аз кор баромад. Иллати онро масъулин дар зери оби сел мондани он талаққӣ медиҳанд. Аммо нафъ надодани 2 нерӯгоҳи бодиеро, ки дар ноҳияи Балҷувон ва деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯробод бо иқтидори 240 киловатт соат 3 сол қабл сохта ба истифода дода буданд ба ҷуз бемасъулиятӣ чизе дигар номидан наметавон.

Масъулин камбуди бодро баҳона мекунанд. Агар дар он мавзеъ бод набошад, пас ин ҳам аз бемасъулиятии кадом муассисаест, ки дар мавзеъи бебод иҷозаи сохтмони ин нерӯгоҳҳоро додааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки деҳаи дараи Об дар мавзеъе ҷойгир аст, ки онро Дашти Террай меноманд ва манозили мардум ҳамасола бар асари бодҳои сахти ин мавзеъ мувоҷеҳи хисорот мешаванд. Чархаи нерӯгоҳи ғайрифаъоли бодӣ бошад ҳамвора ба истилоҳи шарикони каллабури стратегӣ «холостой» хуб давр мезанад.

Назири чунин бемасъулиятиро дар шаҳри Кӯлоб низ мушоҳида кардан мумкин аст. Се сол қабл бо масрафи беш аз 2 миллион сомонӣ як нерӯгоҳи хурд дар маҳаллаи Чармгарони поён сохта шуд, аммо он ҳам то ҳанӯз барқ истеҳсол накардааст.

Гарчанде, ки аптекателевизионҳои (дорувориҳоро зиёд реклама мекунанд) марказии ҷумҳурӣ чанд бор дар бораи фаъолияти густардаи ин нерӯгоҳ гузориш таҳия карда, барои миннатдор шудани президенти мамлакат махсус қайд карданд, ки сохтмони ин нерӯгоҳ бо супориши президенти мамлакат сурат гирифтааст. Масъули сохтмон ширкати «Деҳсохтмон»-и минтақаи Кӯлоб маҳсуб мешавад. Директори ширкати мазкур Бобоҷон Пираков аз додани иттилоъ дар бораи нерӯгоҳ худдорӣ кард. Аммо дар ин маврид Мирзо Исмоилов мегӯяд:

«Нерӯгоҳи мазкур бо иқтидори 240 квт. соат баъди бефаъолият мондан ба мувозинаи ширкати «Барқи Тоҷик» дода шуд. Сохтмони он то ҳанӯз ба охир нарасидааст.» Ин дар ҳоле, ки ҳукумати ҷуҳурӣ барои сохтмони он маблағро пурра ҷудо намудаасту мӯҳлати сохтмон ҳам ду соли қабл ба итмом расида. Бояд гуфт ин нерӯгоҳ бар асари сели 7 майи соли 2010 омада, хисорот дид.

Дар ин замина суоле бе посух мемонад, ки чаро масъулин то ҳанӯз фармони сохтмони обанборҳои хурдро бо ғунҷоиши 500 ҳазор то 1 миллион кубометр об намедиҳанд? Агар нерӯгоҳҳоро дар тангноҳои қулайи кӯҳӣ созем, ҳам харҷ кам мешаваду ҳам дар онҳо нерӯгоҳҳои хурд то 2 мгват соат сохтан имкон дорад. Аз ҳама муҳим дар фасли тобистон онҳо пур мешаванд ва метавонанд барои моҳипарварӣ истифода шаванд ва дар фасли зимистон барқ истеҳсол кунанд ва ҳамзамон обанбори Норакро тақвият бахшанд. Охир дар як худи Узбакистон 50 адад чунин обанборҳо сохтаанд ва онҳоро аз обҳои мо пур мекунанд-ку?

Алҳол бошад тибқи иттилои Мирзо Исмоилов директори ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» 8 ноҳияи минтақаи Кӯлоб дар маҷмӯъ 1 миллиону 200 ҳазор квт нерӯйи барқ мегиранд, ки панҷуним соат таъмини онҳо бо барқ имкон медиҳанд. Барои ба чашми ҳукумат хок пошидан бошад масъулин нерӯгоҳҳои хурди бефаъолият месозанд.

Дар ин миён, соҳибкорони алоҳида чун аз киссаи худ маблағ сарф мекунанд нерӯгоҳчаҳое месозанд, ки ба нафъи 2-3 хоҷагӣ фаъолияти густарда доранд. Яъне масъулини ҳукумати маҳал аз рӯйи масали «Харҷ агар аз киссаи мардум..» амал мекунанд ва барои фиреби назар нерӯгоҳҳои хурд месозанд. Айни ҳол онҳо буҷҷаи давлатро киссаи мардум меҳисобанд. Ба тасаввури кас намеғунҷад, ки дар асри 21 сокинони 137 деҳаи кишвари мо то ҳанӯз намедонанд, ки симчӯбаш чист.

Аҳмади Иброҳим, Кӯлоб, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi