10:38:35 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«МЕГАФОН» БА МУШТАРИИ МИЛЛИОНУМАШ ХОНА ТАҚДИМ КАРД

 

12-уми январи соли ҷорӣ ба шабакаи ширкати «МегаФон» муштаии 1000000 –умин пайваст шуд. Муштарии фахрӣ ва барандаи хонаи ширкати «МегаФон» Зулфия Мирзоқандова, сокини 40 солаи ноҳияи Бохтар, ҷамоати Истиқлол, деҳаи Тоҷикбаталён мебошад.

МегаФон ТочикистонМаросими супоридани ҷоиза дар маркази шаҳри Қурғонтеппа, маркази хизматрасонии ширкати «МегаФон», ки Мирзоқандова аз ҳамон ҷо симкорташро харидааст, бо иштироки Файзиддин Бекмуродов - муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа баргузор шуд. Дипломи миллионер ва сертификат барои харидории хонаро ба Зулфи Мирзоқандова Маҷид Сайтасанов роҳбари раёсати минтақавии ҶСП «ТТмобайл» дар вилояти Хатлон тақдим кард.

Бону Зулфия ба маҳфили супоридани ҷоиза ҳамроҳи писар ва духтараш омада буд ва аз бурди хона ба шавҳараш ба Русия занг зада хабара дод, ки ӯ низ ба ин хабар бо душворӣ боварӣ ҳосил кард. Вай дар ҳамин росто гуфт: «Субҳи 12 декабр ба маркази хизматрасонии «МегаФон» рафта як симкорт харидам, субҳи дигар ба ман занг зада гуфтанд, ки ман муштарии миллионуми ширкат шудаам ва имрӯз бошад бароям сертификати хонаро тақдим карданд.»

Тавре Мирзоқандова гуфт, бо пешниҳоди шавҳараш, ки дар Русия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият дорад, симкорти ширкати мазкурро бо тарофаи «МегаФон Тоҷикистон» харидорӣ кардааст. Гуфтанист, тарофаи мазкур миёни мардуми касбу кори мухталифи Тоҷикистон аз маъруфияти хос бархурдор аст.

Ҳамчунин Зулфия таасуроташро дар мавриди шунидани хабари он, ки ӯ муштарии миллионум шудааст, чунин иброз кард: «Вақте бароям занг зада гуфтанд, ки ман муштарии 1000000 ширкати «Мегафон» шудаам, боварам наомад. Фикр кардам кассе шӯхи мекунад. Чунин тӯҳфаи тақдир бароям ғайричашмдошт буд. Ман ҳаргиз ба лотерея ва бозиҳои бурднок бовар надоштам ва ҳатто тасаввур ҳам намекардам, ки бо пайвастшавӣ ба «МегаФон» соҳиби хона мешавам»

Ғайри чашмдошт Зурфия Мирзоқандава муштарии хушбахт – муштарии миллионӣ шуд, ки пайвастшавиашро дар шркати «МегаФон» низ бесаброна интизор буданд. Раёсати «МегаФон» Зулфия Мирзоқандоваро бино бар муштарии миллионум шуданаш табрик мегӯяд.

Назарсанҷие, ки баназдики миёни ширкатҳои мобилӣ баргузор шуд, нишон медиҳад, ки суръати пайвастшавӣ ба ширкати «Мегафон» нисбат ба дигар ширкатҳои мобилӣ баландтар мебошад.

«Сазовори боварии муштариён будан ин вазифаи мост. Мутахассисони мо ҳамвора барои беш аз пеш беҳтар кардани сатҳи алоқа ва хидматрасониҳои ширкат фаъолият доранд»- мегӯяд Алексей Семёнов раиси ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Имрӯз алоқаи босифат ва боэътимоди «МегаФон»-ро барои мардуми Тоҷикистон беш аз 900 стансияҳои 2G ва 3G воқеъ дар тамоми қаламрави кишвар таъмин мекунанд, ки 250-тои ин стансияҳо дар соли 2011 сохта шудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi